Шӯхӣ кор дод: Маршруткаҳои Душанбе аз гирифтани мусофирони зиёдатӣ даст кашиданд

Asia-Plus

Аз шоми дирӯз мусофирони нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ба савор кардани мусофирон зиёдтар аз ҷойҳои нишаст, яъне ростистода даст кашиданд ва инро чунин шарҳ медоданд, ки онҳоро бпул бурданӣ нестанд.

Ин ҳолат баъди дар сомонаи “Азия-Плюс” нашр шудани мавод бо номи “Мусофирони ростистода дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аз пардохти роҳкиро озод мешаванд” (В Душанбе стоячие пассажиры освобождаются от платы за проезд в общественном транспорте) сурат гирифт.

Дар шӯхии рӯзи 1 апрели худ мо хабар додем, ки ҳамаи мусофироне, ки дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, аз ҷумла маршрутка, автобус ва троллейбусҳо ҷойи нишаст надоранду ростистода мераванд, аз пардохти роҳкиро озод карда мешаванд.

Ин шӯхиро бисёре аз сокинони пойтахт ҷиддӣ қабул карданд. Имрӯз худи журналистони “Азия-Плюс” низ ба чунин ҳолатҳо дучор омаданд.

– Имрӯз дар маршруткаи №15 мусфиронро танҳо тибқи шумораи ҷойи нишаст мегирифтанд. Мегуфтанд, ки хоҳ-нохоҳ касоне, ки рост истода мераванд, ҳаққи роҳкироро пардохт намекунанд. Ҳатто занон дар шигифт буданд, ки кӯдаконро савор намекунанд, вале ба ин аҳамият намедоданд, – мегӯяд Меҳрангез Турсунзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, як ронанда аз он шикоят кардааст, ки сӯзишвории дизелӣ гарон шуда, акнун онҳо хароҷоти худро бароварда наметавонанд.

– Ман чандон зиёд дар истгоҳ набудам, лекин ба чанде аз маршруткаҳо савор шуда натавонистам: кондукторҳо ба одамон аз дохил ба берун рафтанро иҷоза дода, лекин мусофирони нав намегирифтанд: “Бахшиш, намегирем, мегуфт ӯ, – ҳикоя мекунад Саодат Раҳимӣ. – Дар роҳ бошад, кондуктори мо ҳатто сари зону нишаст, то ки аз берун нанамояд.

Ҳайдар Шодиев изҳор намуд, ки дар хиёбони Сино назди Автовокзал кормандони БДА маршруткаҳоро манъ карда, шумори мусофирони дохили онро месанҷиданд.

– Кайҳост, ки чунин ҳолатро надида будам, – мегӯяд ӯ.

Бояд ҷарима шаванд!

Мувофиқи қоидаҳои мусофиркашонӣ, ки аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт тасдиқ шудааст, ронандагони маршруткаҳо ба гирифтани мусофирон зиёдтар аз шумори ҷойи нишаст (ростистодагон) ҳуқуқ надоранд.

Кормандони БДА-и пойтахт масъалаи марбут ба шумори барзиёдатии мусофирон дар маршруткаҳоро қатъиян назорат мекунанд ва ронандагонеро, ки аз меъёр зиёд мусофир мегиранд, ҷарима карда истодаанд, – гуфт имрӯз ба “Азия-Плюс” муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавси Саидзода, ки ба масоили бахши нақлиёт масъул аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти РВКД ВКД Тоҷикистон, ронандагоне, ки дар маршруткаҳо аз меъёр зиёд мусофир мегиранд, метавонанд ба маблағи аз 55 то 110 сомонӣ чарима шаванд.

Маблағи чарима мувофиқи шумори мусофироне, ки дар дохили маршрутка рост истодаанд, муайян карда мешавад.

Агар ронанда муддати як моҳ ба чунин қонуншиканӣ роҳ диҳад, маблағи ҷарима зиёдтар шуда метавонад, лекин дар БДА бобати то ба кадом андоза расидани он маълумот надоданд. “Лекин чунин ронандагонро метавонанд аз ҳуқуқи идора кардани нақлиёти ҷамъиятӣ маҳрум созанд”, – қайд кард манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон дар Душанбе беш аз 2900 воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофиркашонӣ машғуланд, ки наздики 80%-и онҳо хусусӣ мебошанд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии шаҳр 560 адад воситаҳои нақлиёте қарор доранд, ки ба мусофирони пойтахт хизматрасонӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...