Президенти Алҷазоир билохира ба истеъфо рафт

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа рӯзи сешанбе дар пайи эътирозҳои оммавии сокинони ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории расмии Алҷазоир, хабари истеъфои Бутефлиқа пас аз он нашр шуд, ки сардори ситоди кулли артиши Алҷазоир Аҳмад Гаед Салоҳ даъват кард, президентро фавран аз мақом барканор кунанд.

Гуфта мешавад, низомиёни Алҷазоир изҳороти пешинро напазируфтанд, ки гуфта шуд, президент то поёни давраи чаҳоруми раёсати худ – 28 апрели соли равон дар мақомаш хоҳад монд. Онҳо талаб карданд, ки ӯ зуд барканор шавад.

Бар асоси Конститутсияи Алҷазоир, пас аз ба истеъфо рафтани президент вазифаҳои ӯро муваққатан раиси палатаи болоии порлумон Абдулқодир Бинсалоҳ иҷро мекунад. Бояд давоми 90 рӯз дар ин кишвар интихоботи нави президентӣ баргузор шавад.

Тасмими ба истеъфо рафтани президент дар пайи эътирозҳои оммавие гирифта шуд, ки беш аз як моҳ аст идома доранд. Сокинони ин кишвар бо нишони эътироз ба пешбарии бори панҷуми номзадии Бутефлиқа ба мақоми президентӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Бутефлиқа дар гузашта узви ҳаракати озодихоҳи Алҷазоир ва вазири умури хориҷӣ буда, аз соли 1999 ин кишварро раҳбарӣ мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...