Сарвазири Тоҷикистон ба шаҳри Тирмиз раҳсипор шуд

Ба ҳайати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз ба Ӯзбекистон раҳсипор шуд, беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар шомиланд. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар ин сафар ҳамчунин вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон имрӯз, […]

Ба ҳайати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз ба Ӯзбекистон раҳсипор шуд, беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар шомиланд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар ин сафар ҳамчунин вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон имрӯз, 3 апрел ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи Тирмиз асосан масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши онҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илму техника байни Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ мешаванд.

Ба масъалаи амалисозии қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.