Се сол боз корхонаи мусодирашудаи миллиардер Фирташ ба фурӯш намеравад

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон аллакай муддати се сол аст, ки корхонаи дӯзандагии “Гулистон Душанбе”-ро, ки қаблан ба миллардери украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, фурӯхта наметавонад.

Нархи ибтидоии корхона поин бурда шуда, лекин харидорон пайдо нашуданд. Бастаи пурраи саҳмияҳои корхона аз моҳи деакбри соли гузашта ба фурӯш гузошта шудааст.

Фурӯши саҳмияҳои ҶСК “Гулистон Душанбе” бо шумори умумии 242 200 дона дар як лот ба нақша гирифта шудааст. Нархи ибтидоии лот – 24 млн. 220 ҳазор сомонӣ (наздики 2,6 млн. доллар), қайд мешавад дар сомонаи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ.

Арзон карданд, вале ин ҳам илоҷи кор нашуд

Корхона моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд. Пас аз поин бурдани нархаш боз моҳи декабри соли гузашта низ ба фурӯш гузошта шуд.

Нархи ибтидоии бастаи пурраи саҳмияҳои корхна моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли гузашта 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) муқаррар шуда буд, ки дар муқоиса бо арзиши ибтидоии ҳозираи бастаҳо 7 млн. 780 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Амволи мусодирашудаи Фирташ

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.

ҶСП «Гулистон» соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов хусусӣ гардонида шуд. Дар Агентии зиддифасод бар ин назаранд, ки Саидов бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии ин корхона мусоидат кардааст. Он замон бастаи назоратии саҳмияҳо – 95%-ро тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ ва 5%-ашро Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов харида буданд.

Пешоҳанги истеҳсолоти дӯзандагӣ

Дар сомонаи корхона гуфта мешавад, фабрикаи «Гулистон Душанбе» асосгузори истеҳсолоти дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва аз соли 1933 корхонаи аз ҳама бештар соҳибтаҷрибаи истеҳсоли сарулибоси мардона ва занона мебошад.

Соли 2004 корхона бо таҷҳизоти такмилёфта таъмин гардид, ки ба дӯхтани сарулибоси ҳама гуна навъ имкон фароҳам овард. Иқтидори аввалияи истеҳсолии корхонаи “Гулистон” – беш аз 3 млн. адад маҳсулот дар як сол мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...