Наворбардории филм дар бораи таксиронҳои тоҷик дар Ню-Йорку Маскав ва Душанбе

Рӯзноманигор Мумин Шокиров бо насби дурбин дар дохили мошини се ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон филмеро дар бораи онҳо ба навор гирифт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сокинони кишвар маҷбур шуданд, барои пайдо кардани ҷои кор рӯ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Рӯзноманигор Мумин Шокиров бо насби дурбин дар дохили мошини се ронандаи таксӣ аз Тоҷикистон филмеро дар бораи онҳо ба навор гирифт. Дар ин бора дар сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон сокинони кишвар маҷбур шуданд, барои пайдо кардани ҷои кор рӯ ба кишварҳои хориҷ биоранд. Беш аз ду миллион кишварро тарк карда, бештари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Филмро Бахши русиягии Радиои Озодӣ бо дастгирии телевизиони "Настояшее Время" таҳия кардааст.

Раҳмат Ҳайдарови 58-сола дар миёнаҳои соли 90-ум тиҷорати худро аз даст дод ва маҷбур шуд, барои кор ба Москва биравад. Зану фарзанд ва набераҳои ӯ дар Душанбе буда, беша аз 20 сол мешавад, ки дар Русия кор мекунаду ба онҳо пул мефиристад.

Умед Рустамов ба ИМА муҳоҷир шуд. Ӯ барои омӯзиши забон ба шаҳри Ню-Йорк рафта, онҷо дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар коллеҷи Бруклин мехонад ва шабона кор мекунад. Умеди ягонаи ӯ ҳоло бурди корти сабз ё "грин-карта" аст.

Толиб Баҳронови 44-сола дар Душанбе монд. Зиндагии ӯ таъмини нафақаи зану се фарзандаш аст. Пас аз марги падар нафақаи бародарону хоҳарони хурдаш ҳам бар зиммаи Толиб вогузор шуд.

Филми Мумин Шокиров то соати 22:00-и 4 апрел дар сомонаи "Настояшее Время" дастрас аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.