Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун ба вақти дертар мавқуф гузошта шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гидроагрегати навбатии нерӯгоҳи “Роғун” тавре ки пешбинӣ шуда буд, моҳи апрели имсол ба истифода дода намешавад.

“Дақиқан маълум аст, ки моҳи апрел ин кор сурат нагирифта, дар бораи вақти мушаххаси мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он дертар маълумот дода хоҳад шуд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумат.

Бо шахсони масъули Дирексияи истифодаи иншооти НБО Роғун ҷиҳати тасдиқи ин маълумот дар тамос шудан муяссар нагардид.

Дар сохторҳои дахлдор аз ҳама гуна шарҳу тавзеҳ дар мавриди ин масъала худдорӣ меварзанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки корҳои васлу насби агрегати дуюм (№5) охири моҳи март ба итмом расида, моҳи апрели ҳамин сол он ба истифода дода мешавад.

Интизорӣ мерафт, ки агрегати дуюм низ мисли агрегати якум дар марҳилаҳои аввал бо фишори паст кор хоҳад кард.

Маросими расмии ба истифода додани агрегати аввал (№6)-и нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 16 ноябри соли гузашта дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Зикр гардида буд, ки генератор муваққатан кор мекунад: он барои иқтидори то 390 МВт пешбинӣ гардида, баъдан бо механизими иқтидори 600 МВт иваз мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, соли гузашта тӯли 45 рӯзи кори агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун дар он беш аз 90 млн. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки 3 баробар зиёд аз барқи истеҳсолшуда тӯли 1 сол дар ҳамаи нерӯгоҳҳо хурди кишвар мебошад.

Аммо мувофиқи баъзе маълумот, кори агрегати аввали моҳи ноябр мавриди истифода қароргирифта аввали моҳи март боздошта шуд. Дар сохторҳои марбутаи энергетикии кишвар сабаби инро ба корҳои таъмиру ошкор намудани нуқсонҳо дар қисмҳои гидроагрегат нисбат медиҳанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумони кишвар қайд кард, ки аз оғози сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар ин иншоот аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 млрд. сомонӣ азхуд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, соли равон ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз буҷет ҷудо шудани 2,1 млрд. сомонӣ (беш аз 222 млн. доллар) маблағ пешбинӣ шудааст. Дар ин самт ҳамчунин оид ба ҷалби захираҳои имтиёзии ниҳодҳои молиявии байнулилалӣ низ корҳо роҳандозӣ шудаанд.

Чанде қабл муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни вохӯрӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ аз ин ниҳоди бонуфузи молии сатҳи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мусоидат намоянд.

Нерӯгоҳи Роғун

Нахустин аз шаш агрегати нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли равон ба истифода дода шуд. Дар марҳилаи аввал (бо назардошти сатҳи об дар обанбор) агрегат ба ҳисоби миёна бо иқтидори 100 МВт кор хоҳад кард, яъне дар як соат 100 ҳазор киловатт нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Ба кор даровардани агрегати дуюм баҳори соли оянда дар назар аст.

Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2033 ба нақша гирифта шуда, баландии сарбанди иншоот то ба 335 метр расонида мешавад. Айни замон баландии сарбанд 75 метрро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми пурраи корҳои сохтмон, нерӯгоҳи Роғун бузургтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, ки иқтидори он (3600 МВт) ба иқтидори 3 блоки энергетикии нерӯгоҳи барқии атомӣ баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...