26 ҳазор доллар барои истеъдод. Шоуи истеъдодҳо дар Осиёи Марказӣ

Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон шоуи истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent-о ташкил мекунанд, ки фонди умумии ҷоизавии он каме бештар аз 63 ҳазор доллар (24 млн. танга)-ро ташкил медиҳад. Ҳар яке аз кишварҳо ғолиби худро муайян мекунад, ки қариб 8 ҳазор доллар (3 млн. танга) мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби даври финалӣ ба каме бештар аз 26 […]

Asia-Plus

Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон шоуи истеъдодҳои Central Asia’s Got Talent-о ташкил мекунанд, ки фонди умумии ҷоизавии он каме бештар аз 63 ҳазор доллар (24 млн. танга)-ро ташкил медиҳад.

Ҳар яке аз кишварҳо ғолиби худро муайян мекунад, ки қариб 8 ҳазор доллар (3 млн. танга) мукофотпулӣ мегирад. Ғолиби даври финалӣ ба каме бештар аз 26 ҳазор доллар (10 млн. танга) мукофтпулӣ соҳиб мешавад.

Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Ӯзбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Британия истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ мешавад.  

Акнун сокинони Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон низ бахти худро дар ин озмун санҷида метавонанд. Сокинони ин давлатҳо сарфи назар аз синнусолу ҷинс ва шуғлу андешаҳояшон нисбати ҳаёт, дар ин озмун иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок чиҳо лозим аст?

Барои роҳ ёфтан ба кастинг (интихоб) ҷиҳати иштирок дар шоу, маълумотнома (анкета)-ро пур карда, худро ба қайд гузоштан зарур аст. Инро метавон дар аккаунтҳои лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram ё мессенҷерҳои viber, whatsup ва Telegram бо рақами +7 700 600 24 24 анҷом дод. Рақам барои ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ ҳақиқӣ аст.

 

Ба наздикӣ дар ҳар кадоме аз кишварҳо марказҳои хизматгузорӣ ифтитоҳ мешаванд, ки бо муроҷиат ба онҳо метавон дар бораи саволҳои мавриди таваҷҷуҳ посух гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.