Намоишгоҳи қолинҳои Қайроққум дар шаҳри Душанбе

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” ҷараён дорад, ки то санаи 8 апрел идома меёбад. Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъул ба таблиғоти маҳсулоти корхона (PR-менеҷер) Ҷамшед Бобоев хабар дод, нархи қолинҳои дар Душанбе пешкашшуда аз 31 сомонӣ то 240 сомониро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки имрӯз ин […]

Asia-Plus

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти корхонаи “Қолинҳои Қайроққум” ҷараён дорад, ки то санаи 8 апрел идома меёбад.

Тавре ба “Азия-Плюс” корманди масъул ба таблиғоти маҳсулоти корхона (PR-менеҷер) Ҷамшед Бобоев хабар дод, нархи қолинҳои дар Душанбе пешкашшуда аз 31 сомонӣ то 240 сомониро барои як метри мураббаъ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз ин корхона бо таҷҳизоти технологии истеҳсоли Белгия ва Олмон муҷаҳҳаз аст. Ашёи хом ва захираҳо барои бофтани қолин ва дигар маҳсулот дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд.

“Қолинҳои Қайроққум” берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо хушсифатии худ маъруф буда, ба беш аз 10 кишвари хориҷи дур ва наздик содирот мешаванд.

Ҳаҷми истеҳсолоти корхона ба зиёда аз 2 млн. метри мураббаъ маҳсулоти қолин дар як сол баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.