8 голи беҷавоби футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи қирғизҳо

Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019)-ро дар Чин бо пирӯзии дилпурона оғоз намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон 8 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд. Гуфта мешавад, дар ин […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019)-ро дар Чин бо пирӯзии дилпурона оғоз намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввал шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Қирғизистон 8 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ футболбозони навраси тоҷик Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба задани 3-голӣ, ҳамчунин Кабиру Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода 1-тӯбӣ ба дарвозаи ҳариф ноил гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ дар Вэйнан футболбозони навраси тоҷик боз рӯзи 8 апрел бо дастаи Мянма ва санаи 10 апрел бо ҳамсолони худ аз Чин бозӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.