Имконоте, ки Тоҷикистон набояд дар самти ҳамгиройии авруосиёӣ аз даст диҳад

tojiki

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Андозагирии иҷтимоии ҳамгиройии авруосиёӣ: имконот ва дурнамо барои Тоҷикистон” мизи гирди байнулмилалӣ баргузор шуд.

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Фонди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ”, Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” (Екатеринбург), маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” (Саратов) бо мусоидати сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Зимни суханрониҳо коршиносон имконотеро, ки барои Тоҷикистон баъди ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пайдо мешаванд, зикр карданд.

“Механизмҳои ИИАО ба минтақаҳои Русия бештар асосҳои ҳуқуқӣ дода, мутаносибан сатҳи ҳимояи сармоягузориашон мустаҳкам мешавад, ки бешубҳа манфиатдории корхонаҳои Русияро ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш медиҳад”, – иброз дошт директори Маҳфили коршиносони “Урал-Евразия” Константин Погорелский.

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин имконоти Қирғизистонро мисол овард, ки бо кумаки Фонди рушди Русия ва Қирғизистон муддати ду сол 767 лоиҳаро дар соҳаҳаои тиҷорати хурду миёна ба маблағи 248 млн. доллар сармоягузорӣ намуд.

“Ҳозир фурсате фаро расидааст, ки онро набояд аз даст дод. Аввал, имконоти тайёр кардани кадрҳои тахассусӣ дар бозори кор. Дуюм, имконот дар бозори энергетикӣ, ки метавон пули васлгаре гардид, ки иқтидорҳои энергетикии ИИАО-ро бо лоиҳаи CASA муттаҳид мекунад ва ҳамин тариқ тамоми минтақаи Осиёи Марказиро бо шабакаи ягона пайваст месозад. Сеюм, роҳандозии самтҳои ба рақамӣ гузаштани корҳо дар доираи ИИАО, ҳавасмандсозии насли ҷавон ба бунёди технологияҳои иттилоотӣ, маҳсулот ва лоиҳаҳои нав”, – қайд кард раиси Палтаи савдо ва саноати Қирғизистон Кубат Раҳимов.

Дар робита ба масъалаи муҳоҷират мушовири ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон профессор Раҳмон Ӯлмасов изҳор намуд, ки маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷику қирғиз аз Русия ба ватан қариб баробар буда, лекин шумори шаҳрвандони Тоҷикистон қариб якуним баробар камтар аст ва ин маънои онро дорад, ки хонаводаҳо ва иқтисоди Тоҷикистон бинобар сабаби доштани мақоми гуногуни шартҳои фаъолият дар Русия, наздики 500 млн. доллар маблағро аз даст медиҳанд.

Роҳбари намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич ва директори маркази иттилоотӣ-таҳлилии “Евразия-Поволжье” Марина Лапенко ба хатарҳои ба ҷинояткорӣ даст задан ва зуҳури ифротгаройӣ миёни муҳоҷирон ишора намуданд.

Марина Лапенко пешниҳод намуд, ки “ба узвияти комилҳуқуқ мунтазир нашуда, аллакай аз ҳозир муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистонро бо муқаррароти танзимкунандаи бозори кор дар ИИАО ҳамоҳанг кардан зарур аст”.

Ин пешниҳод аз ҷумла аз ҷониби иштирокчиёне низ дастгирӣ ёфт, ки ҳамгиройии Тоҷикистонро ба Иттиҳод тибқи бандҳои ҷудогона, ки ба тамоми иқтисоди ҷумҳурӣ дахл надоранд, ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр карданд, ки пешниҳоди Русия дар бораи мақоми Тоҷикистон ба сифати нозири ИИАО ба баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...