Медали биринҷии Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Анталия

Гӯштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 7 апрел дар мусобқиаи Гран-прии Анталия-2019 дар Туркия ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид. Комроншоҳ аз даври дуюм ба рақобат пардохта, дар қуввваозмоиҳо бар намояндагони Молдова ва Эстония дастболо гардид, вале дар муборза барои даст ёфтан ба ҷойи сеюм аз варзишгари гурҷӣ шикаст хӯрд. Дар қувваозмоиҳои иловагӣ барои гирифтани […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Гӯштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён рӯзи 7 апрел дар мусобқиаи Гран-прии Анталия-2019 дар Туркия ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб гардид.

Комроншоҳ аз даври дуюм ба рақобат пардохта, дар қуввваозмоиҳо бар намояндагони Молдова ва Эстония дастболо гардид, вале дар муборза барои даст ёфтан ба ҷойи сеюм аз варзишгари гурҷӣ шикаст хӯрд.

Дар қувваозмоиҳои иловагӣ барои гирифтани медали биринҷӣ ӯ варзишгарони Беларус ва Исроилро шикаст дода, ба гирифтани медал ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар ноил гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар Гран Прии Анталия соли 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг ғолиб, соли 2017 сазовори медали нуқра гардида буд.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа – Хайёмиддин Ҷабборова Ёқубҷон Боқиев (вазни то 66 кг), ҳамчунин Акмал Муродов (вазни то 81 кг) лар қувваозмоиҳои аввалин шикаст хӯрданд. Дар вазни то 100 кг Саидҷалол Саидов дар ду рақобати аввал варзишгарони Ӯзбекистон ва Олмонро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чорякфиналӣ аз намояндаи Озарбойҷон шикаст хӯрд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа 537 варзишгар (330 мард, 207 зан) аз 78 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.