Даромад аз андозҳо дар Тоҷикистон ҳамасола 10 фоиз зиёд мешавад. Аз кадом ҳисоб?

Пайрав ЧОРШАНБИЕВ, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола зиёд кардани даромади буҷети давлатиро аз андозҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% дар нақша дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки барои афзоиши воридоти ин маблағҳо заминаи воқеӣ вуҷуд надошта, нақша танҳо бо роҳи афзоиши сарбории андоз ва ҷаримабандии тиҷорат иҷро шуда метавонад.

Соли 2018 ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз (андоз ва пардохтҳои гумрукӣ) ҳудуди 15,8 млрд. сомони ва 70%-и ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатиро ташкил доданд. Ҳарчанд нахуст зимни қабули буҷет ин даромадҳо ба маблағи 14,7 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шуда буданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта аз ҳисоби андозҳо (ААИ ва андоз аз даромад) беш аз 420 млн. сомонӣ камтар маблағ ба буҷет ворид шуд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аввали соли равон дар робита ба иҷро нашудани ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби ин ду навъи андоз нигаронӣ изҳор намуд. Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати коҳиши ҳаҷми бақияҳо аз қарзи андозҳо, ки ҳаҷми умумиашон дар аввали соли ҷорӣ зиёда аз 725 млн. сомониро ташкил дод, тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи бахшидани қарзҳо ба андозсупорандагони ҷудогона идома дорад: тибқи фармоиши ҳукумати Тоҷикистон аз 1 март, қарзҳо аз андози 14 ширкату соҳибкорон, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо , ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда мешавад.

Соли равон воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз ба буҷет дар ҳаҷми 16,3 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 – 10% бештар аст. Мувофиқи нишондиҳандаҳои дурнамои Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағ аз ҳисоби андозҳо давоми солҳои 2020-2021 ҳамсола ба ҳисоби миёна 10% зиёд мешаванд.

Аз кадом ҳисоб андозҳо зиёд мешаванд?

Дар сохторҳои марбута мегӯянд, афзоиши воридоти маблағ ба буҷет аз ҳисоби андозҳо бо роҳи табиӣ сурат мегирад: соҳибкорон ва корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз мекунанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад, иқтисод рушд мекунад ва мутаносибан воридоти маблағ аз андоз низ меафзояд.

Лекин мутахассисон эътироф мекунанд, ки афзоиш аз ҳисоби зиёд кардани сарбории андоз сурат мегирад.

Як манбаи воломақоми “Азия-Плюс” бидуни ифшои ному насаб дар ин робита изҳор намуд, ки ҳукумат ҳамасола сатҳи 7%-и афзоишро муқаррар менамояд.

– Аммо солҳои охир нишондиҳандаҳои афзоиши бахши кишоварзӣ ва саноат (бахусус дар саноати коркард) начандон баланд аст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки тариқи зиёдкунии сарбории андоз ба афзоиши сатҳи пешбинишудаи ММД ноил гарданд.

Зикр шуд, ки барои расидан ба сатҳи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда андозчиёни кишвар дар он ҷойҳои алҳол имкондошта меъёри андозҳоро боло мебаранд ва дар навбати аввал барои тиҷорат.

– Ман чандин маротиба ба андозчиён гуфтам, ки мувофиқи маълумоти созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, меъёри андозҳои мо яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст, вале онҳо ин далелро эътироф карданӣ нестанд, – иброз дошт мутахассис.

– Гузашта аз ин, идома дод ӯ, солҳои охир андозчиён аз уҳдаи иҷрои ҷамъоварии андоз аз ААИ ва андоз аз фоида набаромада, кӯшиш мекунанд, ки ин камомадро тариқи чаримабандиҳои гуногун нисбати намояндагони тиҷорат рӯйпӯш созанд.

– Ин раҳдаргумист! Ба ин васила мо андозсупорандагони боқимондаро низ буғӣ мекунем, – илова намуд мутахассис.

Коршиноси масоили молия Саидҷон Рафиқов низ ба ақидаи ӯ розӣ буда, бар ин назар аст, ки дар ҷумҳурӣ барои афзоиши табиии воридоти маблағ аз андоз  ҳеҷ гуна шароит вуҷуд надорад.

– Тиҷорат кори худро қатъ мекунад, аҳолӣ ба қишрҳо тақсим шуда, ҳамаи сарчашмаҳои калидии даромад ғасб шудааст, аз ин рӯ, танҳо ба чаримаву боҷҳо умед баста мешавад. Агар соли гузашта арзиши азназаргузаронии техникии автомашинаи ҳаҷми миёна 900-1200 сомониро ташкил медод, пас имсол аллакай ба 1500 сомонӣ ва болотар аз он расидааст, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи коршинос, ба дӯши нозирони андоз дар шакли ҷаримаҳои маъмурӣ ва санҷишҳои махсус нақшаи иловагӣ вогузор шудааст, ки хоҳ нохоҳ ин ҷаримаҳо аз андозсупорандагон ситонида мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли гузашта баҳри таъмини рушди иқтисод, фаъолнокии соҳибкорон ва некӯаҳволии мардум, меъёрҳои андоз дар як қатор соҳаҳои саноати Чин то 16% кам карда шуд. Меъёри ААИ дар тиҷорати хурд ҳамагӣ 3%-ро ташкил дода, сабзавоту меваи бо дастони худ парвишкарда умуман андозбандӣ намешаванд.

Меъёри андоз аз аризиши иловашуда (ААИ) дар Тоҷикистон – 18% муқаррар шудааст.

Ҳукуматдорони Чин дар бораи мавҷи нави коҳиши меъёри андозбандӣ хабар доданд. Аз 1 апрел меъёри ААИ ва аз 1 май меъёри андози иҷтимоӣ поин бурда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...