Сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон

Сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад. Зимни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ мешаванд. Зимни сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Исломобод дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Покистон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод котиби матбуотии Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ подполковник […]

Аваз Юлдошев

Сафари расмии вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Покистон имрӯз оғоз меёбад. Зимни сафари генерал-полковник Шералӣ Мирзо ба Исломобод масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ байни кишварҳо баррасӣ мешаванд.

Зимни сафари вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Исломобод дидору гуфтушунидҳои ӯ бо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбии Покистон ба нақша гирифта шудааст, хабар дод котиби матбуотии Вазорати мудофиа ҷумҳурӣ подполковник Ориф Нозимиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти ҳайати раҳбарияти низомии Тоҷикистону Покистон ҳамчунин баррасии масоили марбут ба тайёр кардани кадрҳои ҳарбӣ, баргузор намудани тамринҳои муштараки ҳарбӣ, табодули байниҳамдигарии маълумот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва ғайра низ дар назар аст.

Зимнан хотиррасон шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбиву техникӣ байни Тоҷикистону Покистон аз соли 2009 роҳандозӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.