Дидору гуфтушуниди раиси Маҷлиси миллӣ бо сафири нави ИМА

Маркази матбуоти МММО ҶТ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафирии нави Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби  Ҷон Марк Поммершаймро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби  Ҷон Марк Поммершаймро барои таъин шуданаш ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманд тақвияти тоза касб хоҳанд кард.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона такмилу тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои судмандро тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ тақозои шоистаи марҳилаи кунунӣ зикр намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зарурати ҳамкориҳои байнипарламентиро ҳамчун омили мусоидаткунанда баҳри тавсеаи равобити тарафайн махсус таъкид намуда, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муҳиму саривақтӣ ва талаботи замон арзёбӣ карда, изҳори итминон намуд, ки ба ин васила мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории љонибҳо дар оянда беш аз ҳарвақта оид ба тақвияту рушди заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои гуногуни истеҳсолӣ, илмию хизматрасониҳо мусоидати судмандро ба роҳ хоҳанд монд.

Дар идома, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз иқдомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ҷиҳати таъмини сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон афзуд, ки таъмини фазои амн дар ҳудуди он барои мо бениҳоят муҳим мебошад ва мардуми ин мамлакати аз ноамнӣ азияткашида низ чун дигар халқҳои ҷаҳони муттамадин ҳуқуқ ва ниёз ба ҳаёти осоишта дошта, баҳри амнияти минтақа ва ҷаҳон барқарорсозии сулҳ, иқтисодиёт ва инфраструктура дар ин кишвар беш аз ҳарвақта ногузир мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи Амрико дар соҳаи илму маориф масъалаи пайваста ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар ин бахшҳо, пеш аз ҳама васеъ намудани барномаҳои омӯзишӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили  малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Амрико барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори онҳоро ҳамчун тақозои замон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар навбати худ, ҷаноби Ҷон Марк Поммершайм ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохурӣ зикршуда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...