Ғалабаи “Хуҷанд” ва мусовии “Истиқлол” дар Ҷоми КФО

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 даври дуюм баргузор шуд, ки барои тимҳои Тоҷикистон муваффақона анҷомид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Ин нахустин пирӯзии таърихии дастаи “Хуҷанд” дар ин мусобиқа аст. Гуфта мешаванд, намояндаи […]

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2019 даври дуюм баргузор шуд, ки барои тимҳои Тоҷикистон муваффақона анҷомид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар дастаи “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 3 бар 1 дастболо шуд. Ин нахустин пирӯзии таърихии дастаи “Хуҷанд” дар ин мусобиқа аст.

Гуфта мешаванд, намояндаи дигар Тоҷикистон дар ин мусобиқа – тими “Истиқлол”-и Душанбе бозиро дар Турманистон бо дастаи “Олтин Асир” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод.

Бозиҳои даври сеюмро дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 тими “Хуҷанд” рӯзи 30 апрел дар майдони худ бо дастаи “Олтин Асир” ва дастаи “Истиқлол” санаи 1 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими “Дордой” баргузор мекунанд.

Пас аз ду давр тими “Истиқлол” бо 4 имтиёз дар гурӯҳи «D» пешсаф аст. Дастаҳои “Хуҷанд” бо 3 имтиёз – дар зинаи дуюм, “Олтин Асир” бо 2 имтиёз – дар мақоми сеюм ва “Дордой” бо 1 имтиёз дар ҷойи охири ҷадвал қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.