Рустами Эмомалӣ “Фонди рушди пойтахти Тоҷикистон”-ро таъсис дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси “Фонди рушди пойтахти Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид. Яке аз сарчашмаҳои воридшавии маблағҳо ба фонди мазкур пардохти пули гирифтани иҷозат барои сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар Душанбе мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт. Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумон […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таъсиси “Фонди рушди пойтахти Тоҷикистон” қарор ба имзо расонид.

Яке аз сарчашмаҳои воридшавии маблағҳо ба фонди мазкур пардохти пули гирифтани иҷозат барои сохтмони манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар Душанбе мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумон аввали моҳи феврал аз лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи мақоми пойтахт» якдилона дастгирӣ карданд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои ба ин қонун воридшуда, раиси пойтахт ба таъсиси фондҳои рушди шаҳр, дастгирии соҳибкорон ва хайру эҳсон ҳуқуқ пайдо кард.

Ҳамон вақт вакилони парлумон лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» низ якдилона тасдиқ намуданд.

Маблағи гирифтани иҷозати сохтмони сохтмони бино ва иншоот дар шаҳри Душанбе аз 165 то 220 сомониро барои 1 метри мураббаъи иншоот ташкил медиҳад.

Пас аз қабули тағйироту иловаҳо ширкатҳои сохтмон, ки ба бунёди манзил ва нуқтаҳои фурӯш дар қаламрави шаҳри Душанбе машғуланд, барои гирифтани иҷозати ҳукумати шаҳр хироҷ пардохт мекунанд. Маблағи хироҷ аз майдони корҳои сохтмон вобаста аст.

Ин воситаҳо ба суратҳисоби махсуси ҳукуматдорони пойтахт гузаронида мешаванд, ки онро бо ин мақсад Вазорати молияи Тоҷикистон боз мекунад.

Ташкилотҳои буҷетии ҷумҳурӣ, ки ба сохтмони иншооти таъиноти саноатӣ ва иҷтимоӣ, иншооти зербинои бахши сайёҳӣ машғуланд, аз пардохти чунин хироҷ озод карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.