КҲФ сокинони 8 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Ҳисорро ба ҷойҳои бехатар кӯчонд

Дар натиҷаи борони шиддатноки рӯзи 24 апрел ва омадани сел ду нафар сокинони ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расиданд, ки ба подабонӣ машғул буданд. Яке аз ҳалокшудагон сокини 54-солаи деҳаи Сайидони ноҳияи Файзобод Махсуми Саид ва дигарӣ навраси 14-сола будаст. Боз як нафари дигар, мусофири 40-солаи автомашинаи тамғаи Toyota Prado, ки ба Хуҷанд мерафт, дар километри […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар натиҷаи борони шиддатноки рӯзи 24 апрел ва омадани сел ду нафар сокинони ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расиданд, ки ба подабонӣ машғул буданд.

Яке аз ҳалокшудагон сокини 54-солаи деҳаи Сайидони ноҳияи Файзобод Махсуми Саид ва дигарӣ навраси 14-сола будаст.

Боз як нафари дигар, мусофири 40-солаи автомашинаи тамғаи Toyota Prado, ки ба Хуҷанд мерафт, дар километри 155-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бар асари сангфароӣ ҳалок шудааст. Ҷасади ҳалокшударо аз автомашина гурӯҳи зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Зарафшон берун овардаанд.

Давоми шабонарӯзи гузашта селфароиҳо ба фаромадани сангрезаву кӯҳпораҳо дар қитъаҳои гуногуни ин роҳ боис гардиданд. Ҳодисаҳои селфароиву сангреза дар қитҳаҳои роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш, ҳамчунин дар қаламрави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ба қайд гирифта шудааст. Айни замон қитъаҳои роҳ тоза шуда, дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунанд, лекин эҳтимоли зиёди такрори омадани сел ва сангреза боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, ба хотири коҳиши хатарҳои офати табиӣ, бо қарори комиссияи ҳолатҳои фвақулодаи ноҳияи Рӯдакӣ аҳолии 5 деҳаи ҷамоати шаҳраки ба номи М.Турсунзода ва 2 деҳаи ҷамоати Зайнабобод ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Ҳамчунин бо қарори комиссияи шаҳри Ҳисор 60 оила аз қитъаҳои хатарноки деҳаи Кӯҳнабой ба макони амн бурда шуданд. Дар маҷмӯъ наздики 6 ҳазор нафар аҳолӣ ба макони амну бехавф кӯчонида шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.