Манбаъ: Сухангӯи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон барои мукотиба дар мессенҷер боздошт шуд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев ба гумони даст доштан дар ифшои сирри давлатӣ боздошт шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон. Бино ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шуда, аллакай муддати ду ҳафта аст, ки дар боздоштгоҳ қарор […]

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев ба гумони даст доштан дар ифшои сирри давлатӣ боздошт шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ӯ аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шуда, аллакай муддати ду ҳафта аст, ки дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки ӯ гӯё маълумоти махфиро тариқи почта ё мессенҷер ирсол карда будааст.

“То ҷое, ки ман огаҳӣ дорам, санҷиши мундариҷаи мукотиба ва ҳамчунин варақаҳои иттилоотие, ки ӯ ба хабарузориҳо мефиристод, идома дорад. Аз маҳз кадом маълумоту онро ба кӣ фиристоданаш ман хабар надорам”, – гуфт манбаъ.

Мувофиқи моддаи 311, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Ифшои сирри давлатӣ), ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ӯ бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ӯ маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ӯ нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад, бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол  ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз чор то шаш моҳ ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати то се сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамин кирдор, ки аз беэҳтиётӣ боиси оқибатҳои вазнин гардида бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, рақамҳои телефони Улуғхоҷаев муддати ду ҳафта аст, ки дастнорасанд. Охири ҳафтаи гузашта бошад, аккаунти ӯ дар Facebook фаъол буд ва аз номи ӯ алайҳи фаъолони ҷамъоварии имзоҳо ба президенти кишвар дар бораи бекор кардани қарори болоравии нархи интернет навишта (пост) нашр шуд. Лекин имрӯз аккаунти ӯ дар Facebook дастнорас аст.

Тибқи маълумоти баъзе ВАО, пас аз боздошти Муҳаммад Улуғхоҷаев раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба ҳамаи вазорату идора ва муассисаҳои давлатӣ мактуб фиристода, дар он огоҳ кардааст, ки “дигар котибони матбуотӣ бе иҷозаи раҳбарияти худ ба ифшои маълумот ва додани онҳо ба журналистон ҳуқуқ надоранд”.

Дар яке аз хадамоти матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Азия-Плюс” гирифтани чунин мактубро аз КДАМ тасдиқ намуда, дар дутои дигар хадамоти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки “онҳо бе ин ҳам мунтазам маълумотро бо раҳбарияташон мувофиқа мекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

Ӯ моҳи марти соли равон ҳамроҳи 14 тани дигар дар доираи ин парванда ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.