Тенниси калон дар Душанбе: аз 40 кишвар меҳмонон меоянд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе аз 5 то 18 май ду мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис – “Тоҷикистон опен” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасону духтарони синни то 18-сола доир мегарданд. «Мусобиқаҳо дар майдонҳои тенниси Варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд”, – қайд кард сармурабии мунтахаби тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов. Дар мусобиқа аз иштироки наздики 300 нафар теннисбозон […]

Дар шаҳри Душанбе аз 5 то 18 май ду мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба теннис – “Тоҷикистон опен” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон миёни наврасону духтарони синни то 18-сола доир мегарданд.

«Мусобиқаҳо дар майдонҳои тенниси Варзишгоҳи марказӣ баргузор мешаванд”, – қайд кард сармурабии мунтахаби тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов.

Дар мусобиқа аз иштироки наздики 300 нафар теннисбозон аз 40 кишвари саросари ҷаҳон, аз ҷумла Лаҳистон (Полша), Ӯзбекистон, Британияи Кабир, Россия, Эрон, Латвия, Швейтсария, Австрия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Эстония, Исроил, Италия, Гурҷистон, Украина, Франсия, Сурия, Белгия,  Туркия, Канада,  Испания, Булғористон, Таиланд, Олмон, Юнон, Чехия, Беларус,  Тунис, Шри-Ланка, Руминия, Арманистон, Қирғизистон, Гонконг, Зеландияи Нав, Сербия, Зимбабве, Тайбэйи Чин, ИМА ва Нидерланд интизорӣ меравад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо байни наврасон Мараматшо Аёмбеков, Хушбахт Каримов, Саддам Ҳусейн, Исом Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Бахтиёр Исроилов, Ромеш Музаффарӣ, Шоҳҷаҳон Акрамалиев, миёни духтарон – Наргиза Яҳёева, Диана Иванихина, Комила Урумбоева ва Меҳрона Қараева намояндагӣ мекунанд.

Мусобиқаҳо байни наврасон ва духтарон баргузор мешаванд. Мувофиқи рейтинги байнулмилалӣ, бархе аз иштирокчиён ба даври асосӣ гузашта, дигарон дар мусобиқаҳои интихобӣ барои роҳ ёфтан ба марҳилаи асосӣ рақобат мекунанд. Бозиҳои пешакӣ 4 май шурӯъ мешаванд.

Мусобиқаи Tajiristan Open 10 май ба анҷом расида, баъди он а 11 то 17 май мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсия – Fed Cup – мусобиқаи бузурги даставӣ дар тенниси занона оғоз мегардад.

«Ҳарду мусобиқа ба дараҷаи 5-уми низоми мусобиқоти Федератсияи байнулмилалии теннис ITF дохил мешаванд. Ба ҳар кадоме аз теннисӣозон барои иштирок имтиёзҳои рейтингӣ дода мешавад», – зикр кард Абдурасул Муҳиддинов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.