Ҷаласаи дуюми гурӯҳи рушди бозори сармояи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд “Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон”-ро доир намуд. Вохӯрии мазкур санаи 29 апрел дар дафтари кории Бонки аврупоии таҷдиду рушд баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгири […]

Иттилоияи расмӣ

Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд “Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон”-ро доир намуд.

Вохӯрии мазкур санаи 29 апрел дар дафтари кории Бонки аврупоии таҷдиду рушд баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии рушди бозори коғазҳои қиматнок ва бақайдгири махсуси Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ҳамчунин дигар муассисаҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва БАТР ширкат варзиданд.

Гурӯҳ моҳи марти соли 2019 таъсис ёфта, рушди бозори сармоя дар Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи заминаи дахлдори ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили зербинои бозор ва ҳаллу фасли дигар масоили тадорукотии вобаста ба ин масъала аз ҷумлаи вазиафҳои асосии гурӯҳи корӣ мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои кори гурӯҳи мазкур бозори дохилӣ ташкил гардида, баҳри рушди бозори сармоя тадбирҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.

Дар назар аст, ки бозор сарчашмаи муътамади маблағгузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон шуда, ба устувории молиявии он ва рушди мунтазам тариқи истифода густардаи асъори миллӣ муоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.