Рақобати футболбозони ҷавони тоҷик барои роҳхат ба бошишгоҳи КФ “Барселона”

Иттилоияи расмӣ

Ду дастаи кӯдакона, ки дар марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст” дар категорияҳои синну соли калон ва хурд ғолиб омаданд, Тоҷикистонро дар даври ниҳоии мусобиқаҳо дар шаҳри Сочии Россия муаррифӣ хоҳанд кард. Туҳфаи асосӣ барои ғолибон роҳхат ба бошишгоҳи футболи клуби “Барселона” дар шаҳри Сочи ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи аз ҷониби ширкати “МегаФон” ташкилшуда чун анъана дар се марҳила гузаронида мешавад. Мусобиқаи якум зиёда аз 4 000 кӯдаконро аз Россия ва ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҷамъ овард. Дастаҳои беҳтарин ба даври дигар гузаронида шуданд. Ғолибон аз Тоҷикистон дар охири моҳи май бояд бо иштирокчиёни қавитарини мусобиқаҳои XV умумироссиягӣ дар байни дастаҳои хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои “Оянда аз ту вобаста аст” мусобиқа намоянд.

Бозиҳои ниҳоӣ 18 дастаро ба ҳам меорад. Зимни онҳо роҳхат ба бошишгоҳи Barca Camp бурд карда мешавад. Ин бошишгоҳи нодир барои кӯдакони дорои ҳама гуна сатҳи омодагӣ аллакай дар давоми чор сол фаъолият дорад. Ғолибони мусобиқаи МегаФон ба Barca Camp дар охири моҳи июл фиристода мешаванд. Кӯдаконро даҳ рӯзи мусобиқаҳо ва дарсҳои назариявӣ аз рӯйи усулҳои испанӣ, саёҳатҳо, дилхушиҳои варзишӣ ва озмунҳо интизор хоҳанд буд. Дар маросими маҳкамшавии тантанавӣ ба онҳо футболкаҳои номӣ ва гувоҳномаҳои байналмилалӣ оид ба гузариш аз мактаб супурда мешаванд.

“Аз таҳти дил ба иштирокчиёнамон таманно дорам чунин бозӣ кунанд, ки дар моҳи июл онҳо ба соҳилҳои Баҳри сиёҳ баргашта тавонанд! Футболбозони ҷавони тоҷик аллакай оид ба моҳияти  бозиҳои сатҳи байналмилалӣ огоҳ шудаанд: яке аз қисмҳои муҳимми марҳилаи ҷумҳуриявӣ он буд, ки мусобиқаи рафиқона бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон гузаронида шуд. Дар Сочи мусобиқаҳо ҷиддитар мешаванд. Лекин мо медонем, ки Тоҷикистон чун ҳарвақта бозии беҳтаринро нишон хоҳад дод. Аз ҳама муҳим, иштирокчиён ба шаҳри “олимпӣ” сафар карда, вақти худро хеле ҷолиб мегузаронанд ва албатта дӯстони нав пайдо мекунанд. Мутмаинам ин сафар барои онҳо ниҳоят хотирмон хоҳад буд. Муваффақият ва пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ ёрашон бод!” – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст!” бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешаванд.

Сомонаи расмии мусобиқаҳо: http://football.megafon.ru/

Гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ: FB, ВК, Instagram

#БЗТ #БудущееЗависитОтТебя #Iamyfuture

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...