Пешниҳоди покистониҳо доир ба роҳандозии истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ дар Тоҷикистон

Дар вохӯрии раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо президенти ширкати Amicus Enterprises Ҷаҳонгир Баҷва ва президенти ширкати Repro KRC (Pvt) Ltd Парвиз Шафқат Алӣ аввали ҳафтаи равон дар Душанбе пешниҳод бобати дар Тоҷикистон таъсис додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ шуд. “Ҷаҳонгир Баҷва пешниҳод кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар вохӯрии раҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо президенти ширкати Amicus Enterprises Ҷаҳонгир Баҷва ва президенти ширкати Repro KRC (Pvt) Ltd Парвиз Шафқат Алӣ аввали ҳафтаи равон дар Душанбе пешниҳод бобати дар Тоҷикистон таъсис додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ шуд.

“Ҷаҳонгир Баҷва пешниҳод кард, ки дар қаламрави Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла парда (навор, плёнка)-и рентгенӣ ва асбобҳои ҷарооҳӣ таъсис дода шавад, ки ҷиҳати камшавии хароҷот барои воридоти ин таҷҳизот ва имкони содироти он ба кишварҳои ҳамсоя шароит фароҳам меорад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

Ширкати Amicus Enterprises яке аз ширкатҳои маъруфи истеҳсолкунандаи асбобҳои тиббии ҷарроҳӣ дар Покистон ба шумор меравад.

Ба истеҳсоли ин гуна маҳсулот шират аз соли 1970 машғул буда, аз соли 1982 онро ба бозорҳои байнулмилалӣ содирот мекунад.

Ширкати Repro KRC ба тайёр кардани пардаҳо (навор, плёнка)-и рентгении тиббӣ ва саноатӣ, пардаҳо барои тасвирҳои графикӣ ва бадеӣ ва ғайра машғул аст. Ширкат соли 1996 таъсис ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.