Роҳсозони тоҷик техника ва таҳҷизоти нав гирифтанд

Воҳидҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмиру навсозӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомбилгард беш аз бист адад техника ва таҷҳизоти нав гирифтанд. Таҷҳизот ва техника дар доираи лоиҳаи мавриди амалишавӣ қарордошта бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дода шудааст. Дар доираи лоиҳаи “Харидории таҷҳизот ва техника  барои нигаҳдории роҳҳо” 23 адад […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Воҳидҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои таъмиру навсозӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани роҳҳои автомбилгард беш аз бист адад техника ва таҷҳизоти нав гирифтанд.

Таҷҳизот ва техника дар доираи лоиҳаи мавриди амалишавӣ қарордошта бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дода шудааст.

Дар доираи лоиҳаи “Харидории таҷҳизот ва техника  барои нигаҳдории роҳҳо” 23 адад техника харидорӣ шудааст.

“Дар лоиҳа ба сурати умум харидории беш аз 80 адад таҷҳизот ва техника пешбинӣ мешавад”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёт.

Таҷҳизоту техника байни корхонаву муассисаҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи роҳҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.

Барои амалисозии ин лоиҳа БАТР беш аз 5,2 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Нисфи ин маблағ бар асоси кумаки бебозгашт ва боқимонда ба сифати қарзи имтиёзнок ҷудо мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, то оғози семоҳаи дуюми ҳамин сол наздики 790 ҳазор доллар (15%) аз ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа азхуд шудааст.

Зимни тасдиқи созишнома бо БАТР дар палатаи поёнии парлумон раҳбарияти Вазорати нақлиёт изҳор дошта буд, ки беш аз 80 техникаи нигаҳдории роҳҳо, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёт мебошанд, аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда, корношоям шудаанд ва таъмиру истифодабарии минбаъдаи онҳо ғайриимкон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.