Оғози болоравии нархҳо дар арафаи моҳи Рамазон. Оҳиста-оҳиста, лекин устуворона

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар остонаи моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои се шаҳри бузурги Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар болоравии нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз шуд. Алҳол он қадр зиёд не, вале минбаъд чӣ мешавад, маълум нест…

Дар нархҳои маҳсулоти гӯштӣ ва меваҳои барвақтӣ (тезпазак) каме болоравӣ ба мушоҳида мерасад. Баъди боздиди намояндагони ҳукумати маҳаллӣ аз бозорҳову даъват ба боло набурдани нархҳо, сарусадоҳо дар бораи қиматшавии бархе маҳсулот, аз ҷумла гӯшту орд камтар шуд. Ба гуфтаи савдогарон, ҳозир дар бозори “Саховат” нархҳо ба варақаи нархномаҳо мутобиқ буда, дар “Деҳқон” нархномаҳо нестанд, вале нарх дар ин ҷо каме пасттар аз бозорҳои “Саховат” ва “Меҳргон” аст.

Дар Душанбе нархи гӯшт алҳол дар сатҳи 40 сомонӣ барои 1 кило боқӣ монда, дар минтақаҳо гаронтар аст.

Ҳанӯз чанд рӯз пеш 1 кило гӯштро дар Хуҷанд бо нархи 38 сомонӣ (гӯшти лаҳм – 50 сомонӣ) харидан имкон дошт, имрӯз нархи онҳо мутаносибан ба 40 ва 52 сомонӣ расидааст. Гӯшти гӯсфанд қаблан 48 сомонӣ нарх дошта, панҷ рӯз пеш аз моҳи Рамазон он бо нархи 50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Нархи 1 кило гӯшти мурғи тару тозаи истеҳсоли маҳаллӣ аз 15-16 сомонӣ то ба 17 сомонӣ боло рафтааст.

Дар шаҳри Турсунзода низ гӯштфурӯшон нархи маҳсулоташонро аз 40 то ба 45 сомонӣ боло бурданд.

Дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб низ гӯшти хуб аз 38-40 сомонии нархи пешина то ба 45 сомонӣ боло рафт.

Арзиши як халта орд (50 кило) дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд тағйир наёфта, вобаста ба навъаш аз 155 то 180 сомониро ташкил медиҳад. Нисбат ба Душанбе ва Хуҷанд як халта орд дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Турсунзода 5-10 сомонӣ қиматтар аст.

Равғани растанӣ қимат нашуда, 10 сомонӣ барои 1 литр нарх дорад.

Биринҷи писандидаи навъи “кенҷа” як моҳ пеш 7-8 сомонӣ ва ҳозир 9-10 сомонӣ нарх дорад. Дар Душанбе он гаронтар аст. Биринҷи оддии таиландӣ ва чинӣ – 10 сомонӣ, “Юбилей” – 13 сомонӣ ва “Лазер” – 17 сомонӣ нарх доранд.

Дар Хатлон нархи тухм аз 90 дирами пешина то ба 1 сомонӣ барои 1 дона боло рафт.

Нарҳои сабзавоти барвақтӣ қариб тағйир наёфта, картошакаи ҳосили нав – 4 сомонӣ, 10 сомонӣ барои 3 кило; пиёз – 2,5-3,5 сомонӣ (ҳосили соли гузашта – 2 сомонӣ); сабзии ҳосили соли гузашта – 10 сомонӣ барои 3 кило, бандчаи ҳосили наваш (5 дона) – 4,5-5 сомонӣ нарх доранд.

Помидор бо нархи 14 сомонӣ фурӯхта мешавад. Пештар бо 12-13 сомонӣ харидан имкон дошт. Бодиринг баръакс аз 6-7 сомонӣ то ба 4,5-5 сомонӣ барои 1 кило арзон шуд.

Айни замон мева дар бозорҳо бештар дастрас буда, вобаста ба сифаташ як кило себ аз 2-3 сомонӣ то 5-7 сомонӣ нарх дорад. Даҳаи охир нархи 1 кило қулфинай (клубника) аз 12-14 сомонии пешин то ба 8-10 сомонӣ поин рафт. Дар бозорҳо гелос ҳам пайдо шудааст, ки 1 килояш 20-25 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар Душанбе нархи гелос аллакай то 15 сомонӣ поин рафтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.