Рустами Эмомалӣ ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон дастур дод

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2019 қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба сохторҳои марбутаи шаҳр ҷиҳати ташкили истироҳати кӯдакону наврасон  дар мавсими тобистон дар истироҳатгоҳҳо (лагерҳо)-и солимгардонӣ дастур дода шудааст.

Дар қарор супориш дода мешавад, ки дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора»  ва  «Орзу», инчунин майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ,  ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, то 30 майи соли 2019 корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ,  ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ба анҷом расонида шуда, иншооти мазкур барои қабули кӯдакону наврасон омода шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе: Шоҳмансур – Иброҳими Билол, Фирдавсӣ – Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, Сино – Нусратулло Салимзода ва Исомили Сомонӣ – Шариф Самӣ вогузор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.