То кай сокинон аз бӯйи бад нафас мегиранд?

Манзумаи Фирӯз

Бо фаро расидани фасли гармо, дар назди биноҳои истиқоматӣ одамон ба бӯи ғализи партов дучор мегарданд, ки ҳолаташонро ноҷӯр мекунад. Чунин мушкил тақрибан ҳамасола дар назди биноҳои баландошиёнаи 9 ё 12 қабата ба назар мерасад.

Мушкил дар набудану интиқоли партов нест.  Балки мушкили асосӣ дар он аст, ки вақте партовҳоро пеш аз интиқол додан бо мошини махсус “пресс” мекунанд, оби аз он хориҷшуда бо ҳамон буйи ғализаш дар роҳравҳои бино ҷорӣ мешавад. Мушоҳидаҳо низ бозгӯи онанд, ки аз ин ҳол ходимони хадамоти хизматрасониҳои коммуналиро парвое нест. Аммо баъди рафтани мошини партовкаш истиқоматкунандагони бино ифлосиҳоро шуста тоза мекунанд, ки аз рӯи инсоф нест.

Ҳамчунин аз бӯи бади он сокинон наметавонанд тирезаҳои манзили худро боз кунанд ё дар назди бино сайру гашт намоянд. Дар фасли гармо бошад тақрибан ҳар рӯз партов аз назди бино бурда мешавад ва бӯи ғализу ҳашаротҳои болои он ҷамъшуда, инсонро дар ҳолати ногувор мемонад ва боқимонда ҳолатро худ тасаввур намоед. Аз бӯйи бад истиқоматкунандагони биноҳои 4 ошиёна низ ҳамеша нигарон буда, димоғи худро дошта, аз назди бинои баладошёна мегузаранд.

Мавсума, як сокини кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 13 доир ба мушкилоти ҷойдошта чунин ибрози андеша намуд: “Бо фаро расидани гармиҳо мо сокинон ба мушкилии бӯи бад дучор мешавем. Тасаввур кунед ҳоло гармиҳо дар пеш аст ва баъди ба фурӯш баровардани меваҳои тару тоза якбора партови назди бинои мо аз об пур мешавад ва баъди “пресс” шудани ахлот бо мошин оби зиёде рӯи замин ҷорӣ мешавад. Баъд аз гирифтани партовҳо обҳои ифлосу пасмондаҳои онро сокинон тоза мекунанд, вале бояд гуфт, ки ин вазифаи онҳо нест. Баъзан сокинон аз нафароне, ки партов мебаранд, хоҳиш мекунанд, ки ҳаддалимкон рӯи ҳамон ғализиҳо маҳлули хлор пошанд. Танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ хокаро мепошанду халос. Шояд ин вазифа ба салоҳияти ронанда ва партовғундорҳо набошад, вале вазифаи асосии коргоҳи онҳост”.

– Агар имкон бошад, шахтаҳои партовгоҳи биноҳои баландошёна баста шаванд ва сокинони ин биноҳо мисли дигар истиқоматкунандагон партови худро бурда дар қуттиҳои махсус партоянд, – нигаронӣ кард Сабрина, истиқоматкунандаи кӯчаи С. Шерозӣ хонаи 75.

Як масъули Раёсати сохтмон ва хизмати коммуналии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе низ дар суҳбат иброз намуд, ки масъулон вазифадоранд, ки пас аз ҷамъоварии партовҳо аз назди биноҳои истиқоматӣ ҷойҳои партовҳоро маҳлули хлор пошанд ва шуста тоза кунанд.

Истиқоматкунандаи дигари бино Беназир илова мекунад: “Мо истиқоматкунандаи ҳамин биноем ва тоза кардани атрофи бино ва шустани он мушкиле нест. Вале баъди покиза кардани он низ бӯи бад ва ҳашаротҳои гуногун моро нороҳат мекунанд”.

Шералӣ Сафаров, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ низ ин ҳолатро тасдиқ кард. Ӯ ваъда дод, ки дар кӯҳтотарин мӯҳлат ин масъала ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

“Барои паси сар намудани мушкилот ба Ҳукумати шаҳр мактуб ирсол намудем. Бояд барои мо автомашинаи герметикӣ, ки на овоз дорад ва дар вақти “пресс” кардани партов шираи он ҷорӣ намешавад, дастрас кунанд. Ин мошинаҳо резинаи махсус доранд, ки обро дар он нигоҳ медорад, – изҳор намуд ӯ.

Ҳамчунин, мушкили мазкурро дар кӯчаи Саъди Шеърозӣ 74-и ноҳияи Сино низ дидан мумкин аст. Яъне баъди бурдани партов ва ҷорӣ шудани шираи он, дар ин манзил бештари вақт на сокинони бинои баландошёна, балки бинои панҷошёнаи паҳлӯи онҳо бештар аз бӯи баду ғализ нороҳат мешаванд. Тибқи мушоҳида, шираи партов ба самти бинои панҷошёна ҷорӣ мешавад, ки ҳафтаҳо сокинон аз бӯи бад ва ҳашаротҳо гила мекунанд. Агар дар бинои ноҳияи Фирдавсӣ сокинон гирду атрофро тоза кунанд, дар бинои мазкур (74-и ноҳияи Сино) ин амал ба чашм намерасад.

Бояд қайд кард, ки истиқоматкунандагони биноҳои мазкур низ баъзан ба тозагӣ риоя накарда, ба шахтаҳои партов обу дигар партовҳои моеъи худро мепартоянд, ки дар ба вуҷудоии мушкили мазкур сабаб мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...