Манъи баргузории ҷашни занги охир дар мактабҳои Қирғизистон

Мувофиқи фармони Гулмира Худойбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон ба мудирон ва омӯзгорони мактабҳо дарёфти туҳфа ва ҷамъоварии маблағ барои баргузории занги охир манъ шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ташкили чорабиниҳо дар марказҳои дилхушӣ бо иштироки хатмкунандагон ҳам манъ шудааст. Гуфта мешавад, сардорони шуъбаҳову раёсатҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ ба ташкили навбатдории шабонарӯзӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мувофиқи фармони Гулмира Худойбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон ба мудирон ва омӯзгорони мактабҳо дарёфти туҳфа ва ҷамъоварии маблағ барои баргузории занги охир манъ шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ташкили чорабиниҳо дар марказҳои дилхушӣ бо иштироки хатмкунандагон ҳам манъ шудааст.

Гуфта мешавад, сардорони шуъбаҳову раёсатҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ ба ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар остонаи хатми мактаб ва пешгирӣ аз истифодаи маводи оташангез, мушакҳои маҷруҳсозанда ва дигар василаҳои ба сиҳатии хатмкунандагон зараррасон вазифадор шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки барои риоя накардани фармони мазкур, мудирон то аз мақом барканор шудан ҷазо гирифта метавонанд. Занги охир дар мактабҳои Қирғизистон соати 9 субҳи рӯзи 25 май садо медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.