Миёни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар Шереметево шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳузур дошт

Asia-Plus

Байни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон Фатҳуддин Қурбонбекзодаи 28-сола низ ҳузур дорад.

Маълумот дар бораи ҳалок шудани шаҳрванди Тоҷикистонро Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират тасдиқ намуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, тоҷикистонии ҳалокшуда дар садамаи ҳавопаймо шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.

“Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Россия бо наздикону пайвандони Фатҳуддин Қурбонбекзода дар Тоҷикистон дар тамос шуда, баҳри дар фурсати кӯтоҳтарин ба ватан фиристодани ҷасади ӯ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, – гуфт ӯ дар суҳбат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и ширкати “Аэрофлот” дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав 41 нафар ба ҳалокат расид. Аз 78 нафар шахсони дар ҳавопаймо қарордошта 37 нафар – 33 мусофиру 4 аъзои сарнишинон зинда мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...