Чанде аз раисони шаҳру ноҳияҳо бо фармонҳои президент аз кор озод шуданд

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумат дар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Иноятзода Баҳром аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Хайрулло Амонулло аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Самизода Санавбар Зайнулло аз вазифаи раиси шаҳри Левакант ва Баҳодурзода Абдуҷаббор […]

Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарори ҳукумат дар сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Иноятзода Баҳром аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Хайрулло Амонулло аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Самизода Санавбар Зайнулло аз вазифаи раиси шаҳри Левакант ва Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ озод карда шуданд.

Гуфта мешавад, бо фармонҳои дигар Қурбонзода Амирхон Файзулло иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан, Иноятзода Баҳром иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, Давлатзода Зарина Дилмурод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант ва Ёқубзод Саид иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин карда шуданд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод карда шуда, бо фармони президент сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.