Рустами Эмомалӣ ба роҳандозии фаъолияти мунтазами тарабхонаҳо дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарабхонаҳои шаҳр дастур дод, ки сарфи назар аз моҳи шарифи Рамазон, ба меҳмонон хизматгузории мукаммалу мунтазамро ба роҳ монанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин дастур бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе содир шудааст. “Оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тарабхонаҳои шаҳр дастур дод, ки сарфи назар аз моҳи шарифи Рамазон, ба меҳмонон хизматгузории мукаммалу мунтазамро ба роҳ монанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин дастур бо назардошти зиёд гардидани ташрифи меҳмонон ва сайёҳон ба шаҳри Душанбе содир шудааст.

“Оғози фаъолияти тарабхонаҳои шаҳрро дар моҳи шариф Рамазон аз соати 11:00 ба роҳ монда, ҷиҳати ба таври пурраву мунтазам хизматрасонӣ намудани онҳо мусоидат карда шавад”, – омадааст дар дастур.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи мазкур, нисбати соҳибмулкони тарабхонаҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон санаи 6 май фаро расид. Дар ин робита аксари қаҳвахонаву тарабхона ва чойхонаҳо рӯзона кор намекунанд. Моликони онҳо мегӯянд, кори рӯзона дар моҳи Рамазон фоида намеорад, зеро аксарият рӯза дошта, шумори мизоҷон хеле кам аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ, семоҳаи аввали соли равон беш аз 215 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода чанде қабл ба вакилони палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки мавсими сайёҳӣ дар Тоҷикистон моҳи май оғоз гардида, минбаъд шумори сайёҳони хориҷӣ тадриҷан меафзояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.