Вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Эрон бо вазири корҳои хориҷии ин кишвар

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ нусхаи эътимодномаро ба вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф супорид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити дуҷониба табодули назар сурат гирифт. Гуфта мешавад, вазири умури хориҷаи Эрон  сафири нави […]

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ санаи 4 майи соли ҷорӣ нусхаи эътимодномаро ба вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф супорид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот роҷеъ ба сатҳи кунунии ҳамкориҳо ва дурнамои равобити дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, вазири умури хориҷаи Эрон  сафири нави кишварро ба муносибати шурӯи фаъолият дар Теҳрон шодбош гуфта, ба ӯ комёбиҳо орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки Низомиддин Зоҳидӣ санаи 10 апрели соли равон роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон таъин шуд. То ин замон ӯ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият намуда, корманди дипломатии сатҳи баланд мебошад.

Аввали моҳи март дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифт. Роҳбари намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе Ҳуҷатулло Фағонӣ, ки аз соли 2014 ин масъулиятро бар дӯш дошт, рисолати дипломатии худро дар Тоҷикистон ба итмом расонид. Муҳаммадтақӣ Собирӣ, ки қаблан ба сифати муовини сардори Раёсати молияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ифои вазифа мекард, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.