Суръати интернет дар Тоҷикистон босуръат поин рафт. Кӣ гунаҳкор?

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, суръати интернети мобилӣ пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернет паст шуда, “ин амал шояд қасосгирӣ барои бекор шудани фармоиш бошад”.

Дигар корбарон изҳор мекунанд, ки натанҳо суръати интернет, балки дар маҷмӯъ сифати алоқаи мобилӣ бад шуда, дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр қабули он гуногун аст.

Ронандагони хадамоти такси низ аз пастшавии суръати интернет шикоят дошта, изҳор мекунанд, ки бо ин сабаб саривақт ба мизоҷонашон хизматрасонӣ карда наметавонанд.

Охири моҳи январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки бо оғози фасли баҳор интернет дар ҷумҳурӣ арзонтар шуда, ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) то 50 Гигабит дар як сония меафзояд.

VPN гунаҳкор аст

Ширкатҳои мобилӣ итминон медиҳанд, ки дар суръати интернет ҳеҷ тағйире сурат нагирифта, сифати алоқа бар асари бозсозии тарифҳо бад шудааст.

“Мо ҳамон интернетро харидориву тақсим мекунем, дар суръати интернет ҳеҷ тағйире нест. Доир ба ноқисиҳо дар зангҳои овозӣ гуфта метавонам, ки шояд онҳо ба амалиётҳои баргардонидани тарифҳои пешина вобаста бошанд”, – гуфт манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.

Бино ба қавли манбаъ, суръати интернет ҳангоми истифодаи анонимайзерҳо (қулфшиканҳо) ё тавре мегӯянд, VPN поин меравад.

Дар дигар ширкати мобилӣ поинравии суръати интернетро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки суръати интернет барои он паст мешавад, ки ҳама акнун ба истифодаи VPN гузаштаанд.

“Пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабаргузориҳо, ҳамчунин баъзе замимаҳову сервисҳои Google қатъ шуд. Яъне бе VPN аз интернет истифода бурдан маъное надорад. Ҳама маҷбур ба истифодаи анонимайзерҳо гузашта, аз ин рӯ, суръати интернети морбилӣ поин рафт”, – қайд кард манбаъ.

Дар Хадамоти алоқа аз шарҳи мушкили бад шудани суръати интернет худдорӣ варзида, бо Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ тамос гирифтан муяссар нашуд.

Чанде пеш муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дастрасӣ ба ин сервисҳо аз берун (хориҷа) қатъ мешавад. “Мо ин сервисҳоро намебандем, бо сабабҳои техникӣ дар берун аз Тоҷикистон онҳо дастнорасанд. Гурӯҳи мутахассисон ин масъаларо меомӯзанд”, – изҳор дошта буд Атоев.

Аз додани маълумот дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала ва шарҳи сабабҳои бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи хабаргузориҳо ӯ худдорӣ варзида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...