Таъсиси ду сохтори нави назоратӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби муттаҳид сохтани ҳафт мақомоти санҷиши ду вазорат ду сохтори нав – Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд. Ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” маъқул шуморид. Ҳамин тариқ, Кумитаи […]

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби муттаҳид сохтани ҳафт мақомоти санҷиши ду вазорат ду сохтори нав – Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд.

Ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” маъқул шуморид.

Ҳамин тариқ, Кумитаи бехатарии назди ҳукумат дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии таъсис дода шуд. Ҳамаи ин мақомот қаблан дар назди Вазорати кишоварзӣ амал мекарданд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ таъсис дода шудааст.

Дар шарҳи моҳияти тағйиру иловаҳо ба вакилони парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода қайд кард, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ қаблан дар заминаи ду воҳиди Вазорати нақлиёт Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумат таъсис ёфта буд.

Ӯ таъкид дошт, ки  ин тадбирҳо ба сарфакорӣ дар воситаҳои буҷет аз ҳисоби кам кардани шумори басти воҳидҳои корӣ (штат)-и мақомоти санҷишӣ аз 386 то ба 279 воҳид мусоидат намуданд.

Дар натиҷа, зикр кард Ҳамрализода, шумори умумии санҷишҳои ин мақомот аз 78,7 ҳазор адад дар соли 2016 то ба 39,2 ҳазор адад дар соли 2018 кам шудааст.

Раиси Кумита илова намуд, ки бо қабули тағйироту иловаҳои нав ба қонун, шумори умумии мақомоти давлатии санҷишӣ то 25 адад кам мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.