Боздошти 7 ронандаи маст дар Душанбе тӯли як ҳафта

Давоми як ҳафта дар роҳҳои шаҳри Душанбе беш аз 4 ҳазор адад ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва 7 нафар ронанда зимни дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт шудаанд. Тавре Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни ронадагоне, ки дар ҳолати мастӣ сари чанбараки автомашина боздошт шудаанд, ду нафар […]

Давоми як ҳафта дар роҳҳои шаҳри Душанбе беш аз 4 ҳазор адад ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва 7 нафар ронанда зимни дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт шудаанд.

Тавре Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни ронадагоне, ки дар ҳолати мастӣ сари чанбараки автомашина боздошт шудаанд, ду нафар таксирон – Беҳрӯзҷон Ҷобирзода, ронандаи автомашинаи Hyundai ва Маҳмадулло Юсупов, ронандаи  Hyundai низ ҳузур доранд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад,  дар доираи рейдҳо тӯли ҳафта 9 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ рондани автомашина, 136 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда, 101 ҳолати истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт, 24 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 11 ҳолати итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт, 63 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ ва 122 ҳолати нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷониби пиёдагардон ва ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.

Байни ронадагони нақлиёти ҷамъиятӣ 44 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 328 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ошкор шудааст. Дар 879 ҳолат риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.