Ба бозори суғуртаи Тоҷикистон бозигари нав ворид шуд

Дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ширкати нав ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” сабт шуд. Иҷозатнома ба ширкати “Такаффул” бар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 7 майи соли равон дода шуд, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ. Иҷозатнома ба ин ширкат барои амалисозии фаъолияти суғуртавии ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол дода шудааст. Гуфта мешавад, ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ ширкати нав ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” сабт шуд.

Иҷозатнома ба ширкати “Такаффул” бар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 7 майи соли равон дода шуд, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ.

Иҷозатнома ба ин ширкат барои амалисозии фаъолияти суғуртавии ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол дода шудааст.

Гуфта мешавад, ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур дода шудааст, ки оид ба қарори мазкур сабти дахлдорро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд.

Ҳамин тариқ, акнун дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣ (бо назардошти иштирокчии нав) 20 ширкат (17 ғайридавлатӣ, 2 давлатӣ ва 1 маркази дастгирии мутақобилаи суғуртавӣ) амал мекунанд.

Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ), ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, соли 2018 ширкатҳои суғуртавӣ бо мизоҷон беш аз 1,8 млн. адад шартномаҳо ба имзо расонидаанд. Ширкатҳои суғуртавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи беш аз 234 млн. сомонӣ суғуртапулӣ ҷамъоварӣ карда, пардохти қариб 74% аз ин суғуртапулиҳо бо навъҳои ихтиёрии суғурта сурат гирифтааст.

Ҳаҷми пардохти суғуртапулӣ аз ҷониби ширкатҳо ба мизоҷон дар соли гузашта ҳамагӣ каме бештар аз 10,6 млн. сомониро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.