Толибилмони тоҷик 2 ҷоми олимпиадаи арифметикаи зеҳниро дар Маскав бурд карданд

Asia-Plus

Дар шаҳри Маскав аввали моҳи май Олимпиадаи 5-уми ҳамасолаи байнулмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнии “Абакус-2019” баргузор шуд.

Дар он беш аз 500 нафар намояндагони 10 кишвари саросари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин дафъа низ толибилмони Академияи арифметикаи зеҳнии “Империя знаний”-и Тоҷикистон сатҳи баландӣ омодагӣ нишон дода, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар доираи чорабинӣ мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба арифметикаи зеҳнӣ байни мактабҳои узви Ассотсиатсияи авруосиёии ташкилотҳои арифметикаи зеҳнӣ (ЕАОМА) гузаронида шуд.

Дар он зиёда аз 400 нафар толбилмон аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти ду зинаи аввал ва ҳамчунин дигар мақомҳои ҷоизадор сазовор дониста шуданд.

Беҳтаринҳо ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон шомил гардида, кишварро дар Thailand PAMA Global World Competition 2019 намояндагӣ хоҳанд кард.

Дастаи Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳои олимпиада ғолиб омад. Аз 61 зинаи ҷоизавӣ дастаи “Империя знаний” ба 2 ҷоизаи асосӣ – Ҷоми Олимпиада ва 15 медал соҳиб шуд. Зинаи 1-умро 5 нафар, 2-юмро – 4 кас ва 3-юмро – 6 нафар ишғол намуданд.

Дар Олимпиадаи ЕАОМА аз 18 зинаи ҷоизавӣ тоҷикистониён 8-тояшро касб карданд: ҷойи 1-ум – 3 нафар, зинаи 2-юм – 2 кас ва мақоми 3-юм – 3 нафар.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...