Умедвории то 2,7 млрд. доллар афзудани даромади буҷет дар соли 2020

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 дар ҳаҷми наздики 26,2 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, гуфта мешавад дар дурнамои Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Нисбат ба ҳаҷми соли равон ин нишондиҳанда 10,5% ё худ 2,5 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.

Аз ҷумла ба даст овардани беш аз 19,3 млрд. аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ, зиёда аз 1,6 млрд. – аз ҳисоби воситаҳои махсус ва наздики 5,2 млрд. – аз ҳисоби қарзу грантҳо дар назар дошта шудааст.

Қисмати хароҷоти буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 26,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ – 9,5% бештар мебошад.

Дар назар аст, ки соли оянда ҳудуди 19,1%-и хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ, 17,2% – ба соҳаи маориф, 15,2% – ба бахши ҳифзи иҷтимоӣ, 6,8% – ба соҳаи тандурустӣ ва 3,8% – ба бахши фарҳангу варзиш равона гардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли оянда дар ҳаҷми 82,7 млрд., касри буҷет – дар сатҳи 0,5% нисбат ба ММД, мизони таварум – 6,8%, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА – 10 ба 1 пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки таҳияи буҷет барои соли оянда ҳамасола моҳи сентябр ба итмом мерасад. Баъди аз ҷониби ҳукумат маъқул шуморида шудани нишондиҳандаҳои он, лоиҳа ба баррасии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Буҷет барои соли ояндаро парлумон маъмулан нимаҳои моҳи ноябр тасдиқ мекунад.

Даромад ба буҷети соли 2019 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми наздики 23,8 млрд. сомонӣ ва хароҷот – беш аз 24,1 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...