Ҳузури наздики ҳазор нафар дар роҳпаймоии “Полки ҷовидон” дар Душанбе

Дар раҳпаймоии “Полки ҷовидон дар Душанбе санаи 9 май наздики ҳазор нафар тоҷикистониён иштирок карданд. Онҳо бо суратҳои хешону наздикон, ки дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг баҳри ноил гардидан ба ғалаба бар фашизм саҳм гузоштанд, роҳи аз Театри лӯхтак то Боғи Ғалаба, назди лавҳаи Оташи ҷовидонро пиёда тай намуданд. Дар Боғи Ғалаба маросими гулгузорӣ назди лавҳаи […]

Asia-Plus

Дар раҳпаймоии “Полки ҷовидон дар Душанбе санаи 9 май наздики ҳазор нафар тоҷикистониён иштирок карданд.

Онҳо бо суратҳои хешону наздикон, ки дар ҳама ҷабҳаҳои ҷанг баҳри ноил гардидан ба ғалаба бар фашизм саҳм гузоштанд, роҳи аз Театри лӯхтак то Боғи Ғалаба, назди лавҳаи Оташи ҷовидонро пиёда тай намуданд.

Дар Боғи Ғалаба маросими гулгузорӣ назди лавҳаи Оташи ҷовидон доир гардида, бо хомӯшии якдақиқаина хотири қурбониёни ҷанг пос дошта шуд. Раҳпаймоӣ бо иҷрои сурудҳои замони ҷанг анҷом пазируфт.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардида, ҳукуматдорони шаҳр ба он монеъ нашуданд. Субҳи рӯзи 9 майи соли 2018 наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

Қобили зикр аст, ки сафи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад. Имрӯз онҳо ҳамагӣ 244 нафар боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.