Эмомалӣ Раҳмон зиёни расида аз фасодзадагии кормандони бахши молияро номбар кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши амалҳои коррупсионӣ байни кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук нигаронӣ изҳор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии имрӯза, 10 май дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар президент қайд кард, ки тайи даҳ соли охир аз ҷониби кормандони ин мақомот беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо суиистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд.

Ба гуфтаи ӯ, қисми бештари камбудиҳои ошкоршуда кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар ин давра аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук 190 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор карда шудааст.

“Дар даҳ соли охир аз 45 миллион сомонӣ зарари молиявии аз ҷониби Агентӣ дар низоми молияи кишвар ошкоршуда 39 миллион ба шуъбаҳои хазинадории мақомоти молия дар маҳалҳо ва аз 119 миллион сомонӣ зарарӣ молиявии дар низоми андози кишвар ошкоршуда 118 миллион сомонӣ ба раёсатҳо ва нозироти андоз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рост меояд, ки ин хеле ташвишовар аст”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи президент, агар соли 2009 дар зерсохторҳои Кумитаи андоз ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда бошад, пас танҳо соли 2018 ин маблағ 27 миллион сомониро ташкил кардааст.

“Дар давраи зикршуда нисбат ба 500 нафар кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумрук чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ гардида, 57 нафар аз вазифа озод карда шудаанд”, – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти вазъи зикргардида, президент ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дод, ки дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳамаи зинаҳо чораҳои қатъӣ андешанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...