Нони очагӣ аз нав мӯд шуд

Чандест, ки дар чанд гӯшаву канори шаҳри Душанбе нонвойхонаҳое сохта шудаву дар хизмати сокинони Душанбе қарор гирифтаанд, ки аз нонвойхонаҳои  одӣ ва қаблӣ ба кулли тафовут доранд. Фарқият дар нонвойҳо ва навъи маҳсулот аст, ки қисми зиёди мардуми мо ин тафовутро ба назар гирифта, муштарии чунин нонвойхонаҳо мешаванд. Мо ба чунин як нонвойхона, ки дар […]

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ махсус барои “Азия-Плюс”

Чандест, ки дар чанд гӯшаву канори шаҳри Душанбе нонвойхонаҳое сохта шудаву дар хизмати сокинони Душанбе қарор гирифтаанд, ки аз нонвойхонаҳои  одӣ ва қаблӣ ба кулли тафовут доранд. Фарқият дар нонвойҳо ва навъи маҳсулот аст, ки қисми зиёди мардуми мо ин тафовутро ба назар гирифта, муштарии чунин нонвойхонаҳо мешаванд.

Мо ба чунин як нонвойхона, ки дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аст рафтем ва бо нонвойҳояш суҳбати сарироҳӣ анҷом додем. 

Дар назди нонвойхона мардум хеле зиёданд. Яке паси дигаре чӣ хостанашро мегӯяд ва аз дарун селофанеро сӯяш дароз мекунанд, ки дарунаш чаппатӣ ё гирдача, кулча ё орзуқ ва ё фатири равғанӣ аст. Мо ҳам дар навбат истодем. Акнун навбати мо расид.

– Чӣ хизмат кунам?

– Апаҷон, ман нон намегирам. Танҳо чанд дақиқа вақти Шуморо мегираму халос. Аниқтараш дар бораи ҳамин коргоҳатон чанд савол дорам ва мехоҳам, ки Шумо ҷавоб диҳед.

– Марҳамат…  

– Ин нонвойхона кай ташкил шудааст?

– 24-уми майи соли 2018

– Сабаби таъсис?

– Сабаби таъсиси ин коргоҳ соли 2018 эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аст. Мақсад аз таъсиси ин нонвойхона хизмат кардан ба мардум буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бе каму кост хоҳишоти мардумро аз лиҳози маҳсулоти нонӣ бароварда бошем.

– Савдоҳо чӣ хел?

– Савдоямон бисёр хуб аст.

– Кадом навъҳои нонҳоро мепазед?

– Гирдача, чапоттӣ, орзуқ, кулча, фатири равғанӣ.

– Нархҳояшон?

– Гирдача 5 сомонӣ, чаппотӣ 3 сомонӣ, кулча 2 сомонӣ, фатири равғанӣ 5 сомонӣ, орзуқ 5 сомонӣ

– Шумо медонед, ки таъсиси ин коргоҳ барои дигар нонвойхонаҳо рақобати бузург пеш меорад ва омаду рафти мардум нишони кам шудани савдои онҳо аст?

– Бале, инро мо 100% медонем, аммо чӣ кунем? Ҳоло иқтисоди бозоргонӣ аст, ҳар нафаре, ки тавонист, ошаш шавад.

– Дар ин ҷо чанд нафар кор мекунад?

– Дар корхонаи мазкур ҳоло 8 нафар занон кор мекунанд. Бояд қайд кунем, ки ҳама коргарони ин ҷо хонашин буданд ва раҳмат мегӯем ба Пешвои миллат, ки соли гузаштаро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд ва хеле зиёд занони хонашин ба корҳои гуногун таъмин шуданд.

– Шумо муштарии доимӣ доред?

– Албатта, бе ин намешавад, махсус дар кори мо…

– Агар мумкин бошад ман ҳам як ду чиз гуфтан мехоҳам- бо овози паст ва ором зане ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд.

– Марҳамат, апачон…

– Ман сокини Душанбеи азиз ва муштарии доимии ин нонвойхона ҳастам. Аз дастони ин бонувони зебо чунин нонҳои болаззат мехӯрем, ки дигар худамон нонпазиро фаромӯш кардаем. Лекин баъзан вақт нон намеёбам ва хоҳиш дорам, ки зиёдтар кор кунанд ва зиёдтар бо маҳсулоти нонӣ моро таъсин кунанд. 

– Ташаккур ба Шумо!

Ва мо ин лаҳза боз ба нонвойҳо рӯ гардонидем.

– Чаро мардум шикоят мекунанд, ки нон ёфта наметавонем?

– Ин шикоятҳо ҷо доранд. Дар ин моҳи шарифи Рамазон ба маҳсулотамон мардумро таъмин карда наметавонем. Зеро муштариёнамон хеле зиёд шудаанд. Вале мо кӯшиш мекунем, ки ҳар чи зудтар хизматрасониамонро зиёд кунем.

– Чӣ мушкилӣ доред?

– Шукр ягон мушкилӣ нест, ҳамаш хуб аст.

– Худо кунад, ки ҳеҷ гоҳ мушкилӣ надошта бошед. Раҳмат барои суҳбат ва хизматҳоятон ба мардум.

– Саломат бошед!

Нонвойхонаҳои зикршуда бо фарқият аз нонвойхонаҳои одӣ нонвойи зан доранд. Ва бояд гуфт, ки бо дасти зан нон пухтану аз дасти бонуи тоҷик нон хӯрдан маззаи дигар дорад. Зеро ба қавле, ин гуна нонҳо бӯйи оча мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.