– Имрӯз барои фарзандам мактаб мекобам. Ва хеле нигарон ҳам шудаам, ки фарзандамро ба кадом муассисаи таҳсилоти миёна супорам. Дар шаҳри Душанбе муассисаҳои миёнаи таҳсилот хеле зиёданд, аммо фикр намекардам, ки интихоб душвор мешавад. Ба ин мушкил на танҳо ман, балки дигар волидоне, ки фарзандони онҳо бояд ба синфи 1 раванд, низ дучор шудаанд, – мегӯяд, сокини шаҳри Душанбе Дилором.
Дар ҳақиқат, барои пайдо намудани мактаб волидон ҳамеша саргардон мешаванд. Ин суол хеле муҳим аст ва ҳар як падару модарро нигарон низ кардааст. Чун ояндаи фарзанди онҳо аз муҳити муассисаи таълимӣ хеле вобастагӣ дорад.
Гарчанде муассисаҳои таҳсилоти миёна дар наздикии ҳар бинои истиқоматӣ ё маҳаллаву кӯчаҳо дида шавад ҳам, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз падару модарон кӯшиш мекунанд, ки кӯдакони онҳо дар листей ва гимназияҳо таҳсил намояну дониши хубтаре ба даст биёранд.
Аммо Гулрӯ Сатторова, собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори гимназияи рақами 9 ба номи Низомии Ганҷавӣ, ки солҳои тӯлонӣ бо кӯдакон сару кор дорад, бар ин назар аст, ки мактаб ҷойи таълиму тарбия аст ва устодон онҷо дарс медиҳанд. Устоде, ки касби худашро дӯст медорад, аз болои касби худаш кор мекунад ва шогирдонашро мисли шамъ фурӯзон мекунад, дар ҳама мактаб беҳтарин аст. Ва мактабҳо низ набояд байни ҳамдигар ҷудо карда шаванд.
– Дуруст аст, падару модарон кӯшиш мекунанд мактаберо интихоб намоянд, ки пурқувват, замонавӣ ва аз нигоҳи педагогиву психологӣ кӯдаки онҳоро хуб тарбия намояд. Лекин, бояд донем, ки новобаста аз чӣ гуна будан, дар кадом ҳудуд воқеъ будани мактаб, он пеш аз ҳама ҷойи таълиму тарбия аст. Имрӯз ҳастанд падару морадоне, ки мактабро ҷудо мекунанд, ки агар дар ин мактаб фарзандамро монам, шояд аълохон шавад ё оянда мутахассиси хуб шавад. Вале, бояд донем, ки асоси мактаби беҳтарин, тарбияи хуб аст, – илова кард, Гулрӯ Сатторова.
Маҳин Даврон, модаре, ки ин мушкилро паси сар карда буд, мегӯяд, барои кӯдак пеш аз ҳама омӯзгорро бояд интихоб кунем. Ин давраи таҳсил заминаи аввали кӯдак аст ва ба он хеле зиёд бояд аҳамият дод, то кӯдак ба таҳсил шавқ пайдо намояд. Яъне омӯзоре барои кӯдак лозим аст, ки хонандаро ба худ ҷалб созад, на мактаб. Маҳин қайд кард, ки дар Тоҷикистон вобаста ба шароит волидон барои фарзанди худ мактаб интихоб мекунанд. Бархе падару модар агар ба мактаби одӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд , дигарон ба литсею гимназияҳо бартарӣ медиҳанд.
Салима Алишерова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-и шаҳри Душанбе, низ бар ин аст, ки барои кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб мераванд, на мактаб, балки омӯзгор бояд интихоб кард. Мавсуф мегӯяд:
– Хеле хуб мебуд, агар кӯдак дар мактаби одӣ ба таҳсил фаро гирифта шавад. Чун дар мактаби миёна барои кӯдак аз ҳама муҳим ҳаловати равонӣ зарур аст. Барои кӯдак мактаб дар наздикии хонаи истиқоматӣ интихоб карда шавад. Чун барои ӯ муносибат бо ҳамсинфон низ ба осонӣ ба даст меояд, агар дар ҳамсоягӣ зиндагӣ намоянд. Ҳамчунин қувваи ҷисмонӣ ва вақти кӯдак низ сарфа мешавад. Омӯзгори аввалини кӯдак бояд хеле меҳрубон бошад ва талаба худаш бе кӯмаки нафаре ба дарсҳо шавқ пайдо мекунад. Баъзан волидон дар интихоб намудани мактаб танқисӣ мекашанд, вале хуб мебуд, агар фарзандони худро ба мактабҳои назди манзили зист ё назди ҷойи кор ба таҳсил монанд, – илова кард, Алишерова.
Дар ҳамин ҳол Маҳин Даврон бо боварӣ қайд кард, ки имрӯз литсейҳои дар кишвари мо фаъол низ аз барномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба хонандагон таълим медиҳанд. Ва таълим дар литсей ва гимназияҳо аз мактабҳои одӣ фарқияти кам доранд.
– Фарқияти аввали литсейҳо аз мактабҳои одӣ танҳо дар шумораи камтари хонандагон дар синф ва намуди зоҳирии ҳамон даргоҳ мебошад. Дигар фикр мекунам, дар мактабҳои одӣ низ бо ҳамон барномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф кор мекунанд ва волидонро зарур аст, ки на мактаб , балки омӯзгори хуб барои фарзандони худ интихоб намоянд. Ҳамчунин хубии мактабҳои одӣ дар он аст, ки кӯдак дар муҳите ба камол мерасад, ки аз ҳамаи табақаҳои аҳолӣ (бой, камбағал ва қишри миёна) дар онҷо таҳсил мекунанд. Ва ин ба ояндаи кӯдак хеле хуб ва муфид аст.
Ва Гулрӯ Сатторова, ки аз равони кӯдакон огаҳӣ дорад, ба волидон тавсия медиҳад, ки кӯдаконе, ки бори аввал ба мактаб мераванд, хуб мебуд дар мактаби маҳалли зисташон таҳсил намоянд. Ӯ гуфт, имрӯз аксари маорифчиён аз рӯи таълими фаъолиятнокӣ дар мактабҳо “Тадриси илму фан” амал мекунад, ки кӯдакон ба синфҳои ибтидоӣ бо тайёрӣ меоянд. Баъд аз хатми синфи ибтидоӣ бошад, падару модарон метавонанд мактабҳоеро, ки омӯзиши фаннҳои риёзиву гуманитарӣ доранд, интихоб намоянд. Дар ин синну сол қобилияти кӯдак дигаргун мешавад ва ба интихоби фан ва касб таваҷҷӯҳ мекунад.
Аз суҳбати мутахассисон бар меояд, ки волидонро мебояд сари ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода, бо мутахассисони соҳа маслиҳатҳои муфид намоянд, то дар интихоби муассисаи таълимӣ барои фарзандашон иштибоҳ накунанд.


