Дафтарчаи сокини 100-солаи Суғд чӣ хотираҳо дорад?

Набераҳои сокини 100-солаи деҳаи Рӯмони вилояти Суғд Мирзошариф Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки ба бобои худ туҳфаи ғайриоддӣ ҳадя кунанд – онҳо дафтарчаи хотираи ӯро нашр карданианд, ки ҳанӯз аз соли 1941 навиштани он шурӯъ шудааст. “Солҳои охир падарам хеле фаромӯшхотир шудаанд ва барои ба ёд овардани лаҳзаҳои ҳаёти худ ҳар рӯз дафтарчаи хотираи худро варақ […]

Рустамбек Аҳмадов, махсус барои Asia-Plus

Набераҳои сокини 100-солаи деҳаи Рӯмони вилояти Суғд Мирзошариф Ғафуров тасмим гирифтаанд, ки ба бобои худ туҳфаи ғайриоддӣ ҳадя кунанд – онҳо дафтарчаи хотираи ӯро нашр карданианд, ки ҳанӯз аз соли 1941 навиштани он шурӯъ шудааст.

“Солҳои охир падарам хеле фаромӯшхотир шудаанд ва барои ба ёд овардани лаҳзаҳои ҳаёти худ ҳар рӯз дафтарчаи хотираи худро варақ мезананд, ки мушоҳидаи ин ҳолат хеле таъсирбахш аст”, – мегӯяд писараш Мирзоҳошим Шарифов.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, насли ҷавони хонавода тасмим гирифтаанд, ки дафтари хотираи боборо, ки барояш хеле азизу гиромӣ аст, ба нашр расонанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки ба ин васила хеле зиёдтар одамон аз ҳаёти мушкилу пурпечутоби бобояшон огаҳӣ пайдо мекунанд.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.