Дар интиқоли пул ба Тоҷикистон чӣ гуна метавон сарфа кард

Диловар Абдуллоев, махсус барои Asia-Plus

Бо рушди технологияҳо интиқоли пул тариқи онлайн торафт писандида мешавад. Суръати ҳаёт тезтар шуда, на ҳамеша фурсат меёбед, ки ба шуъбаи бонк даромада, ба наздикони худ пул фиристед. Вакте ба ман пул фиристодан ба хона – аз Россия ба Тоҷикистон лозим омад, ба замимаҳои мобилии низомҳои маъруфу писандидаи интиқоли маблағ таваҷҷуҳ зоҳир намудам.

Аз замимаи мобилии “Юнистрим Денежные переводы” (Юнистрим Интиқоли пул) хушам омад. Ин воситаи қулай ва осони интиқоли пул мебошад. Танҳо бо як маротиба нишон додани маълумоти корти бонкии худ, шумо интиқолҳои минбаъдаро давоми чанд сония анҷом дода метавонед, зеро замима ҳамаи маълумоти заруриро дар ёд мегирад.

Комиссия (фоиз) барои интиқол аз корти русиягӣ гирифта нашуда, дар муқоиса бо дафтарҳои кории Юнистрим, ба ман қурби мубодила ҳатто фоиданоктар шуд. Асъоре, ки пули фиристода бо он дода мешавад, метавон бо сомонӣ, доллари ИМА ё евро интихоб намуд.
Акнун ҳисобу китоб мекунем, ки ба ин восита чӣ қадар метавон сарфа кард. Интиқоли 100 доллар тариқи замимаи мобилӣ ба санаи 13 май барои ман 6668.76 рубл афтод.
Дар муқоиса бо хазина (касса)-и Юнистрим сарфа 47 рубл ва нисбат ба дигар низоми маъруфи интиқоли пул – наздики 80 рублро ташкил дод.

Ҳамин тариқ, замимаи мобилии Юнистрим дорои афзалиятҳои зерин аст:

– қурби фоиданоки мубодила;

– мавҷуд набудани комиссия (фоиз);

– тарзи осони интиқол.

Агар сари интихоби асъори дастрас кардан сухан равад, ман интихоб байни доллар ва сомониро тавсия медиҳам. Доллари ИМА устувор буда, чунин тарзи интихоб ба касоне мувофиқ меояд, ки хостори нигаҳдории пул ё ҷамъ кардани он барои хариди калон мебошанд. Барои дарҳол “ба рӯзгор” харҷ кардан, интиқоли пул бо пардохти сомонӣ қулайтар аст. Дар замима ман базудӣ маблағи воқеии интиқол ва пардохтро мебинам, на қурби мубодиларо замони пардохт дар бонк. Дар ҳамин ҳол, қурби мубодилаи Юнистрим бо бонкҳои мо рақобатпазир аст.

Фораму гуворост, ки замимаи “Юнистрим Денежные переводы» бо забони модарии тоҷикӣ дастрас буда, онро метавон дар қисмати васлу насб (настройка)-и профили корбар интихоб намуд.

Агар шумо дар Россия кор мекунед, пас корти пластикӣ надоред ва мехоҳед, ки корт бо имконот ва воситаҳои махсусро барои интиқоли пул дошта бошед, ки онро ҳам метавонед дар Юнистрим ба расмият дароред.

Замимаи мобилиро дар Google Play ва Apple Store берун овардан (скачать) ва насб кардан мумкин аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...