Мастчоҳ: мард ҳамсарашро кушта, паҳлӯи ҳавлиаш гӯр кард

Сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи рӯзи 15-уми май дар ҳудуди ин ҷамоат ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст. “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби […]

Asia-Plus

Сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи рӯзи 15-уми май дар ҳудуди ин ҷамоат ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик дастгир карда шуд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш муноқиша ва ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъдан шавҳараш ӯро дар селофан мепечонад ва ба чуқурии 2 метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гӯронида, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро партофтааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ