Суруди сол аз “Азия-Плюс”: Маросими нахустини тақдими ҷоизаҳо

Санаи 17 майи соли 2016 барои нахустин бор дар Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаҳои озмуни "Суруди сол” доир гардид. Чорабинии бузургмиқёсу пуршукӯҳ он замон бо ташаббуси радиои “Азия-Плюс” роҳандозӣ шуда буд. Барномаи писандидатарини фароғатии телевизионӣ, даҳҳо нафар ҳунармандон – беҳтарин ситораҳои эстрада. Муддти се сол озмун бо чунин тарзу услуб гузаронида шуд. Сипас “Суруди сол”-ро Вазорати […]

Asia-Plus

Санаи 17 майи соли 2016 барои нахустин бор дар Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаҳои озмуни "Суруди сол” доир гардид. Чорабинии бузургмиқёсу пуршукӯҳ он замон бо ташаббуси радиои “Азия-Плюс” роҳандозӣ шуда буд.

Барномаи писандидатарини фароғатии телевизионӣ, даҳҳо нафар ҳунармандон – беҳтарин ситораҳои эстрада. Муддти се сол озмун бо чунин тарзу услуб гузаронида шуд.

Сипас “Суруди сол”-ро Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ таҳти сарпарастӣ гирифт. Дар Вазорат тасмим гирифтанд, ки муҳтавои озмунро тағйир диҳанд ва ба он мусиқии халқӣ ва классикиро низ дохил карданд.

https://www.youtube.com/watch?v=1cNhPM0E6a8

Озмун чӣ гуна сурат мегирифт

Ҳосили дастранҷи “Азия-Плюс” то ҳол вуҷуд дорад. Леикн кам касоне дар хотир доранд, ки нахустин озмуни маъруф чӣ гуна баргузор шуда буд.

Гурӯҳи “Иқбол”, Парвина Шукруллоева, Манижа Давлатова – барои бисёре аз ҳанармандон озмун қуллаи авҷи фаъолияти эҷодиашон маҳсуб меёфт.

Овозхон ва сурудҳоро шунавандагон интихоб мекарданд. Ҳар ҳафта онҳо тариқи радиои “Азия-Плюс” овоз дода, аз рӯи натиҷаҳои он рӯйхатҳои марҳилавӣ тартиб дода мешуданд. Охири сол беҳтаринҳо дар як саҳна ҳунарамоӣ мекарданд. Чанде аз сарояндагон махсус барои иштирок дар озмун оҳангу тарона эҷод мекарданд.

Маросими нахустини тақдими ҷоизаҳо ба қадре бошаҳомату бузургмиқёс буд, ки дар толор президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳузур доштанд.

https://www.youtube.com/watch?v=2OEVJDIdsoM

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ