Бортников: “Наздики 5 ҳазор ҷангиён дар марзи Афғонистон қарор доранд”

Раиси Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников зимни суханронӣ дар машварати роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки як бахши Давлати исломӣ бо номи “Вилояти Хуросон” наздики 5 ҳазор ҷангиёнро ба минтақаи шимоли Афғонистон сафарбар кардааст, ки бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамсарҳаданд. Зимни муроҷиат ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои […]

Раиси Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников зимни суханронӣ дар машварати роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки як бахши Давлати исломӣ бо номи “Вилояти Хуросон” наздики 5 ҳазор ҷангиёнро ба минтақаи шимоли Афғонистон сафарбар кардааст, ки бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамсарҳаданд.

Зимни муроҷиат ба иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсусуи кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ӯ қайд кард, ки амали террористон дар мавриди ташкили пойгоҳҳо дар Африқои Шимолӣ ва Осиё боиси нигаронӣ аст.

“Сафарбарии гурӯҳҳои террористӣ ба вилоятҳои шимоли Афғонистон, ки бо давлатҳои Иттиҳод ҳаммарзанд, боиси нигаронии хос аст. Дар ин минтақа бахши “Вилояти Хуросон”-и Давлати исломӣ наздики 5 ҳазор ҷангиёнро ҷамъ овардааст, ки аксарияти онҳоро шаҳрвандони дар Сурия ҷангидаи кишварҳои узви ИДМ ташкил медиҳанд”, – овардааст гуфтаҳои Бортниковро хабаргузории РИА Новости.

Бино ба гуфтаи раиси Хадамоти федералии амнияти Русия, аъзои гурӯҳҳои террористӣ “барои истеҳсли аслиҳаи кимиёвӣ ва биотоксинҳо маводу технология ва зербинои заруриро дар ихтиёр доранд”.

Бортников ҳамчунин қайд кардааст, ки барои дастгирии аъзои гурӯҳҳои Давлати исломӣ сарпарастони онҳо бештар аз низомҳои электронии пардохт ва криптовалютаҳо истифода мекунанд. Ғайр аз ин, даромад аз фурӯши ғайриқонунии нафт ва дигар амалиёти ҷинояткорона низ бо ҳамин мақсадҳо истифода мешавад.

“Майдони ғайрирасмии мусулмонии молиявии “Ҳавола” сарчашмаи муҳими маблағгузории созмонҳои террористии байнулмилалӣ аст”, – таъкид доштааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.