Қушӯнҳои сарҳадӣ: қирғизҳо ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро тасарруф карданианд

Asia-Plus

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муноқишаи рӯзи 22 май рухдодаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шарҳ дод. 

Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон расман изҳор мекунанд, ки дирӯз 200 нафар сокинони деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ба масофаи 700 метр ба дохили қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, ба муноқиша дар марз пардохтаанд.

«Онҳо талаботи беасосе доштаанд, ки бо сабаби дар қабристони байни деҳаҳои Қӯрғанча ва Қаробоғ дафн шудани наздикону пайвандонашон, ин оромгоҳ ба онҳо тааллуқ дорад. Бо истифода аз ин далел ҷониби Қирғизистон ният дорад, ки ғайриқонунӣ қаламрави қабристонро, ки майдони умумии 4 гектарро фаро мегирад, тасарруф намояд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Қушғнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Гуфта мешавад, “қабристони мазкур дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир буда, қитъаи баҳсӣ ҳисобида намешавад”.

“Бо мақсади роҳ надодани ба убури ғайриқонунии сокинони деҳаҳои зикршуда ба қаламрави зери посбонӣ қарордоштаи Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии дастаи сарҳадбонии “Исфара”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ карданд”, – хабар медиҳад Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Зимнан зикр мегардад, ки соати 13:00-и нимаи ҳамон рӯз байни мақомоти сарҳадбонии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид гузаронида шуда, айни замон вазъ ба эътидол оварда шудааст ва посбонии сарҳад бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави деҳаи Лаққони Исфара назди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткен рӯзи 22 май муноқишаи навбатӣ рух дод. Дар ин рӯз 200 нафар сокинони деҳаи Равоти ноҳияи Боткени Қирғизистон ҳамроҳ бо кормандони мусаллаҳи Хадамоти сарҳадбонии ин кишвар дар қаламрави деҳаи Лаққони шаҳри Исфара сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур мекунанд, ки пас аз ин сарҳадбонони тоҷик барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони парлумони Қирғизистон имрӯз аз ҳукумати кишварашон дархост кардаанд, ки ба мушкилоти сокинони деҳаи Қаробоғ расидагӣ кунад, зеро вазъи иҷтиомии 21 ҳазор нафар аҳолии деҳа душвор аст.

Бино ба маълумоти АКИpress, вакил Каромат Орозова изҳор доштааст, ки то имрӯз аҳолии ин деҳа аз қабристони кӯҳна истифода бурда, лекин ахиран гуфтаанд, ки аз рӯи харита он ба ҷониби дигар тааллуқ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...