Маҷаллаи Forbes гаронтарин брендҳои ҷаҳонро эълон кард

Маҷаллаи маъруфи Forbes гаронтарин брендҳо (тамғаҳо)-и ҷаҳонро дар соли 2019 эълон кард. Дар 10-гонаи беҳтарин соли нуҳум пайдарпай корпоратсияи амрикоии Apple пешсаф аст. Гуфта мешавад, айни замон арзиши тамғаи “себӣ” 205,5 млрд. доллар арзёбӣ мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, бори нахуст дар таърихи баҳодиҳӣ ба брендҳо он нишондиҳандаи […]

Asia-Plus

Маҷаллаи маъруфи Forbes гаронтарин брендҳо (тамғаҳо)-и ҷаҳонро дар соли 2019 эълон кард. Дар 10-гонаи беҳтарин соли нуҳум пайдарпай корпоратсияи амрикоии Apple пешсаф аст.

Гуфта мешавад, айни замон арзиши тамғаи “себӣ” 205,5 млрд. доллар арзёбӣ мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, бори нахуст дар таърихи баҳодиҳӣ ба брендҳо он нишондиҳандаи 200 млрд. долларро убур кард, хабар медиҳад GolfStrimInform.

Зинаи дуюмро дар ин рӯйхат Google ишғол намудааст, ки тамғаи он 167,7 млрд. арзёбӣ шудааст. Ва ниҳоят мақоми сеюмро Microsoft бо 125,3 млрд. доллар касб кардааст.

Ба даҳгонаи аввали феҳрист ҳамчунин ширкатҳое чун Amazon (97 млрд. доллар), Facebook (88,9 млрд. доллар), Coca-Cola (59,2 млрд. доллар), Samsung (53,1 млрд. доллар), Disney (52,2 млрд. доллар), Toyota (44,6 млрд. доллар) ва McDonald`s (43,8 млрд. доллар) шомил шудаанд.

Мувофиқи раддабандии нашршуда, ширкатҳои Русия дар феҳристи гаронтарин тамғаҳои ҷаҳон ҷой надоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.