Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Ин дафъа барои қабристон

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави деҳаи Лаққони Исфара назди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткен рӯзи 22 май муноқишаи навбатӣ рух дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод, дар ин рӯз 200 нафар сокинони деҳаи Равоти ноҳияи Боткени Қирғизистон ҳамроҳ бо кормандони мусаллаҳи Хадамоти сарҳадбонии ин кишвар дар қаламрави деҳаи Лаққони шаҳри Исфара сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур мекунанд, ки пас аз ин сарҳадбонони тоҷик барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

“Мақсади сокинони Равот ғасби қаламрави Тоҷикистон аст. Ин қаламрав ҳатто баҳсӣ ҳам набуда, дар хоки Тоҷикистон воқеъ аст”, – иброз дошт Илёсзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, 10 рӯз қабл низ дигар гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 6 нафар қирғизҳо ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд.

“Ин иғвогарии навбатӣ аз ҷониби қирғизҳо аст, ки ба кори комиссияи байнидавлатии таъйин ва аломатгузории сарҳад монеъа эҷод мекунад”, – таъкид дошт номбурда.

Иқбол Илёсзода мегӯяд, агар қаблан баҳсҳо дар қаламрави деҳаҳои ҷамоати Ворух ва Хоҷаи Аъло рух медоданд, пас акнун дар қаламрави деҳаи Лаққон ва Чилгазӣ ба миён омада истодаанд, ки дар онҳо сокинони деҳаи Чонтали ноҳияи Боткен ба сохтмони хона ва дигар иншооти зербино дар сарҳади алҳол таъйину аломатгузоринашуда идома медиҳанд. Дар бораи маҳз бо кадолм сабаб сар задани муноқиша маълумот дода нашуд.

Ҳамчунин Иқбол Илёсзода дар саҳифаи худ дар Facebook навори видеоеро гузоштааст, ки дар он сарҳадбонони қирғиз дида мешаванд. Касе дар навор мегӯяд, ки онҳо сарҳади Тоҷикистонро гузашта, дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд.

 

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба ВАО-и Қирғизистон, ҳодиса дар ҳудуди қабристоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки 150 метр дур аз хатти шартии сарҳад ва дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин маҳал муайяну аломатгузорӣ нашудааст, вале аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад.

Гуфта мешавад, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, низоъ рӯзе баъд аз гӯручӯби як сокини Эски мазори ноҳияи Бодканд рух додааст, ки наздиконаш барои хондани дуо ба қабристон рафта буданд.

 

"Ҳангоми дуову фотиҳа марзбонҳои Тоҷикистон ҳозир шудаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон талаб кардаанд, ки онҳо ҳудуди қабристонро тарк намоянд", — омадааст дар изҳороти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки "барои ҳалли даъво ба ҷойи ҳодиса марзбонҳои ду кишвар даъват шуданд ва ҳангоми музокира шаҳрвандони Қирғизистон дар роҳи марзбонҳои тоҷик гӯё нақб ё чуқурӣ кофтанд. Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ба ҳаво як тири огоҳкунанда холӣ карданд".

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...