Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Данғара рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раҳсипор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун иштирок карда, бо вазъи корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад. Гуфта мешавад […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун иштирок карда, бо вазъи корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос мешавад ва бо фаъолону сокинони ноҳия суҳбату мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара сарвари давлат нахуст аз Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш ба намоиш гузошта шуда буд, боздид намуд.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти дастранҷи меҳнаткашони вилоят натиҷаи меҳнати сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии он ба таври шоиста муаррифӣ карда шуда, таъкид гардид, ки ҳадафи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии бештари аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.